Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалли як мушкили асосии сокинони Бадахшон


Абдукарим Раҳимҷонов масъули ширкати "Нурафзо" гуфт, пас аз ду соли таввақуф ва бозсозӣ нерӯгоҳи барқи обии Помир-1, яке аз сарчашмаҳои аслии нерӯи барқи вилояти Бадахшон ба фаъолияти дубора шурӯъ кард. Бозсозии нерӯгоҳи мазкурро ширкати "Нурафзо" анҷом дод. Сармуҳандиси ширкат Абдукарим Раҳимҷонов ва роҳбари сохтмони нерӯгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи ин муддат сохтмончиён дар ҳаҷми қариб 4, 5 миллион доллар корҳои сохтмониро анҷом дода, бар иловаи агрегатҳои якуму дуюми нерӯгоҳ, ки соли 1994 насб шуда буд, ду агрегати боқимондаро низ омода барои тавлиди нерӯи барқ кардаанд.
Нерӯгоҳи Помир-1 қодир ба тавлиди 28 ҳазор киловат соат нерӯи барқ мебошад. Иван Чонков сардори ширкати "Помирэнержӣ", ки нерӯгоҳи мазкур тобеъи он мебошад, иброз дошт, ки бо таҷдиди пурраи ин нерӯгоҳ мушкили таъмини сокинони шаҳри Хоруғ ва навоҳии Шуғнону Роштқалъа бо қувваи барқ ҳангоми фасли сармо ба куллӣ аз байн хоҳад рафт.
Дар дигар фаслҳои сол сокинони шаҳру навоҳии Бадахшон, ба ғайр аз ноҳияи Мурғоб мушкилоти таъмин бо нерӯи барқро эҳсос нахоҳанд кард. Бозсозии нерӯгоҳи Помир-1 дар чаҳорчӯби созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оғохон ва Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифт. Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмону таҷдиди нерӯгоҳи Помир-1 25 миллион доллар қарзи боимтиёз ҷудо кардааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG