Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии гуштигирони тоҷик дар Ҷумҳурии Чех


Гуштигирони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ ва самбои варзишӣ байни собиқадорону кормандони пулис дар Ҷумҳурии Чех панҷ медали тилло ва як медали нуқра ба даст оварданд. Маҳмуди Абдулло, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон ва дабири кулли Федератсияи гуштии самбои ин кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот, ки дар пойтахти Чехия шаҳри Прага тӯли се рӯз идома кард, варзишгарони 21 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Сайриддин Икромови 33-сола дар рақобатҳо дар вазни 74 кило бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда, мақоми аввалро касб намуд. Вай аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар намуди самбои ҷангӣ муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон гаштааст. Дар рақобатҳои ин намуд дар ҳашт вазни дигар медалҳои тиллои мусобиқот насиби варзишгарони Русия гардид ва онҳо байни дастаҳо мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Намояндагони Украина мақоми дуввум ва мизбонон - варзишгарони Ҷумҳурии Чех мақоми севвумро ишғол карданд. Дастаи Тоҷикистон пас аз дастаи Муғулистон дар мақоми панҷум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар намуди самбои варзишӣ Иброҳим Раҳмонов дар вазни 90 кило ва Анваршоҳ Раҷабов дар вазни 100 кило байни кормандони пулис бо медали тиллои мусобиқот сарфароз шуданд. Тоҳир Саидов миёни собиқадорони синнашон аз 35 то 40- сола дар рақобатҳо дар вазни 68 кило мақоми аввалро касб намуд. Аҳтам Раҷабов дар рақобатҳо байни собиқадорони синнашон аз 55 то 60- сола дар вазни 74 кило дуввумин бор муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон гашт. Гулпочо Хайруллобеков дар сабқати собиқадорони синнашон аз 55 то 60-сола дар вазни 68 кило соҳиби медали нуқра шуд.

Ба ин тартиб, афзуд Маҳмуди Абдулло, довари мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ ва самбои варзишӣ байни собиқадорону кормандони пулис ҳамаи шаш варзишгари тоҷик аз Ҷумҳурии Чех ба Тоҷикистон бо медал баргаштанд.
XS
SM
MD
LG