Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии муҳоҷирони тоҷик аз зиндонҳои Русия


Дусаду шасту чаҳор муҳоҷири меҳнатии тоҷик айни ҳол дар 10 боздоштгоҳи мақомоти интизомии Маскав ба сар мебаранд. Бой Раҷабов, масъули як бахши Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон бо ибрози ин матлаб ба рӯзноманигорон гуфт, феълан дар Русия 12 намояндагии вазорати меҳнат ва Хадамоти давлатии муҳоҷират тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати раҳоии муҳоҷирони зиндонии тоҷик равона кардаанд. Вай афзуд, ки ин афрод бинобар риоя накардани муқаррароти иқомат дар Маскав боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Раҷабов, бо мусоидати намояндагиҳои Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия беш аз 200 муҳоҷири меҳнатӣ аз ин кишвар аз маҳбасҳо озод шудаанд. Ҳамзамон Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе низ аз афзоиши ҳолатҳои боздошт ва қочоқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар изҳори ташвиш мекунад.

Игор Боск, муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бар ин назар аст, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ қабл аз сафар ба хориҷа бояд касбу ҳунари лозим дар он кишвар ва муқаррароти он давлатро биёмузад. Ба гуфтаи оқои Боск, ҳар қадар муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар зиёд бошанд, ин қабл аз ҳама ба манофеи давлат аст, зеро дар Тоҷикистон камбуди шадиди ҷойи кор эҳсос мешавад.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти давлатии муҳоҷират мегӯяд, айни ҳол беш аз 380 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ дар берун аз кишвар, минҷумла 90 дарсади онҳо дар Русия мебошанд.

Аммо дафтари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар ин маврид рақами дигарро нишон медиҳад. Маҳмуд Нодирӣ, намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, тибқи як пурсише, ки ин созмон доир кардааст, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар ба ҳудуди 600 ҳазор нафар мерасад. Вай гуфт, аммо ин рақам низ ҳанӯз дақиқ нест. Дар ин робита масъулини Созмони Байналмилалии Муҳоҷират изҳор доштаанд, ки ҷиҳати муайян намудани шумори дақиқи муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ин созмон омодааст ҳамҷоя бо Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон фаъолият кунад.

Оқои Нодирӣ мегӯяд, ҳам ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия ва ҳам ташкилотҳои байналмилалӣ аз он нигаронанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бинобар надонистани ҳуқуқҳои худ боздошт ва мавриди бадрафтории корфармоёни Русия қарор мегиранд. Бар асоси хабари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ҳар сол то сад нафар аз мардикорони тоҷик дар хусуси поймол шудани ҳуқуқашон ба ҳамин созмон муроҷиат мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG