Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақвияти ҳимояти қитъаи осонгузари марз


Шоҳ Искандаров сардори раёсати зудамали Кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон назорати як мавзеъи марзии ҷангалзор ва кӯҳии худ бо Афғонстонро бо афзоиши ҳайати низомӣ, ҷангафзор ва зиреҳпӯш ва дидбонгоҳҳо тақвият додааст.
Ин мавзеъ дар ҷануби кишвар ва мушкилгузар ва масоҳаташ баробар ба 50 ҳазор ҳектор мебошад. Ба қавли оғои Искандаров, дар имтидоди марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистон ин мавзеъе мебошад, ки аз ҳарду ҷониб тақрибан назорат бурда намешуд ва гурӯҳҳои қочоқбар бо истифода аз ҳамин мавзеъ ҳероин ва маводи дигари мухаддирро ба Тоҷикистон интиқол медодаанд: "Ҳоло дидбонгоҳҳои марзӣ дар ҳоли тақвият ёфтан аст. Ҳайъати шахсӣ бештар, техникаи ҷангӣ ва дигар муҳимоти ҳарбӣ афзоиш дода шудааст."
Аммо Довуди Панҷшерӣ - сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, агар аз тарафи Афғонистон ҳам чунин иқдом сурат гирад ва он сӯи марз ҳам комилан таҳти назорат гирифта шавад, шояд пеши роҳи кочоқи рӯзафзуни маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон гирифта шавад. Дар ҳамин ҳол Шоҳ Искандаров, сардори раёсати кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, бар асоси маълумоти дарёфтии онҳо, ду корхонаи тавлиди ҳероин дар қаламрави Афғонистон маҳв ва беш аз 600 қочоқбари маводи мухадир боздошт шудааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG