Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Tajik Build" намоиш медиҳад


Дар пойтахти Тоҷикистон, дуввумин намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ, бо иштироки беш аз 20 ширкати бинокории кишварҳои минтақа ва Аврупо ифтитоҳ ёфт. Дар бинои намоишгоҳ, васоити манзилсозӣ аз қабили дару тирезаи чӯбин ва плостикӣ, бомпӯш, васоити обтаъминкунӣ, таҷҳизоту лавозимоти коммуналӣ ва ҳоказо ба маъраз гузошта шуда буд. Одил Сангов, муовини раиси палалтаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар робита ба ин намоишгоҳ гуфт, ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «Тоҷик Билт-2005» ширкатҳои сохтмонии 9 кишвари ҷаҳон маҳсулоти худро ба Душанбе овардааст. Алекс Лопот, раиси ширкати бинокории амрикоӣ мегӯяд, ширкати онҳо дар чанд кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон ба сохтани биноҳои низомӣ ва маъмурӣ машғул мебошад.

«Мо феълан аз ҷониби Тоҷикистон дархост гирифтаем,ки дар манотиқи сарҳадии Тоҷикистон, барои марзбонони ин кишвар биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ бисозем. Кулли маҳсулоти бинокорие ки мо аз он кор мегирем, бо технологияи навтарину муосир ва ҷавобгӯи стандарти ҷаҳонӣ истеҳсол шудааст ва дар кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ муштарии зиёд дорад.»

Зайд Саидов, вазири саноати Тоҷикистон дар робита ба намоишгоҳи мазбур мегӯяд, баргузории чунин як намоишгоҳи байналмилалӣ метавонад, дар роҳи густариши ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, нақши муассир дошта бошад.

«Масалан дар ин намоишгоҳ беш аз 30 фоизро ширкатҳои тоҷикӣ ташкил карданд, ки ин боиси хурсандист. Яъне аз ин ба баъд бо истифода аз таҷрубаи ҳамтоёни хориҷӣ, ширкатҳои мо низ на танҳо дар намоишгоҳҳои минтақавӣ, балки дар ҷаҳон маҳсулоти худро муаррифӣ мекунанд.»

Намоишгоҳи мазбур то 29 октябр идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG