Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулбаст - гунае аз охирин касби Ориёнои аҳди қадим


Усулан, Кӯлобро бо чакан мешиносанд ва аммо гулбаст аз чакан тафриқаи осмонӣ дорад! Гулбаст, пироҳанест, сартопову пой то сар гулпӯш ва аммо чакан нест! Гулбаст аз косибон онгуна заҳмати сангин ва чолокиву зиракӣ металабад, ки ҳатто дар Кӯлоб на ҳар кас ба таҳияи ин либос даст мезанад. Мардумшиносон мегӯянд, ҳамин заҳмати гарон аст, ки гулбаст - гунае аз лисбовори сирф ориёӣ аз байн тақрибан рафтааст ва дар кишвар, биноан дар олам низ дигар ягон устои гулбаст намондааст, илло сулолаи гулбастии усто Шоиста, ки барои ин хонавода ин касб таборист ва онро аз қаъри қурун то замони мо маҳз табори Ҳасановаҳо овардаанд.

Ва пеш аз оне, ки мо озими олами ақландаршигифт ва таҳайюрбарангези ин касб мегардем, бояд бидонем, ки гулбаст чист? Гулбаст катонест, хеле ва хеле нозук ва маҳин, ки замони ахир ҷои онро усулан дока гирифтааст, ки дар тоҷикон маъруф аст. Ҳамин докаро устои гулбаст дохили дегҳои бузург намуда, меҷӯшонад ва ранг мерезад. Барои як гулбаст, ки беш 200 соат омода мегардад, докаро аз се деги ҷӯшон мегузаронанд ва рангрезӣ мекунанд. Шигифтии ин ҳунар ин аст, ки ҳини омодасозии гулбаст аз ягон қолаб кор намегиранд. Вале пас аз 240 соат матоъе гулбези моҳпечу ситоразой пайдо мешавад. Чи гуна? Савронбӣ Ҳасанова-сокини кӯчаи Муҳаммадӣ Ҳакимови шаҳри Кӯлоб мегӯяд:

«Мо ин гулбастро бо устодамон холаи Шоиста ва Асалбӣ тайёр кардаем. Барои омода кардани як матоъ то 3-4 рӯз кор мекунем. Фармоиши либоси пурра, поча, латта, курта гардад то 10 рӯз кор мекунем. Ин гулҳои ситораву моҳтоб дорад ва панҷаи одам аст.»

Матоъи гулбаст, на тарроҳӣ мегардад ва на қолабрезӣ. Ҳатто аксҳои моҳу ситора бар асари чолокона барбастани кунҷу канори матоъ бо ресмони маҳин ба даст меоянд; « Гулбаст 3 ранг дорад. Онро чо- ҷое мебандем ва ба дег меандозем ва чун ин рангро гирифт, мегирему риштаро хушк мекунем ва матоъро баста, ба деги дигар мекунем, рангҳои ҳар ситораву моҳтоб гунаи дигар пайдо мекунанд»

Ростӣ вақте, ки шахсан ман ба гулбаст назар медӯзам, ҳич боварам намеояд, ки ҳамин матоъи гулбезро бе ягон қолиб, бе тарҳ, бе қаламзанӣ рӯи кор овардаанд. Ва аммо ман дақиқан саҳв мекунам, зеро ҳақиқати ҳол ин аст, ки гулбаст нақшу қолабро намепазирад! Зафар Мирзоев, бостоншинос ва нафаре, ки ба омӯзиши амиқи ҳунарҳои атиқаи мардумӣ сару кор дорад, мегӯяд, тарсими моҳ дар ин нигораҳо ба гунаи чалипо омдааст, ки нишон аз даврони моҳпарастии ориёност, ки ба замони хуршедпарастиву оташпарастӣ рост меояд.

Хайрулло Тоҳиров бостоншиноси дигар ин тарсимҳоро ба даврони то оташпарастӣ нисбат медиҳад. Ин дар мавридест, ки тарсимҳои гулбаст қолиб надоранд ва танҳо дар зеҳни мардум тӯли ҳазорсолаҳо аз гирудорҳои замона маҳфуз мондаанд. Аз сӯи дигар дар гулбаст аз ягон ранги кимиёвии ҷадид истифода намебаранд: « Ин рангҳои табиӣ, рангҳои халқианд. Аз «краска» истифода намебарем. Мо намедонем, рангро чигуна омода мекунанд. Мо танҳо ранги тайёрро мегирем. Кӣ тайёр мекунад, рангро? Мо намедонем, ба худо, ки намедонем»

Ман хеле мехостам, ки таркиби рангҳои гулбастро ошкор кунам. Зеро гулбаст умри тӯлонӣ дорад ва аммо барои боре онро намешӯянд ва ин рангҳо матоъро аз ифлосшавӣ ҳифз медоранд. Вале қатъияти ман дар ин маврид ба сангари Асрори Гулбаст дучор гардид. Гулдухтарони усто сирри рангҳои табии худро ҳамчун сирри давлатӣ ва ё асрори ишқи наухстини хеш ҳифз мекарданд! Ва кӣ медонад, шояд ҳамин асрори аз мову манҳо ниҳонмонда буд, ки гулбасти ориёноро шурӯъ аз ҳамоили Дорову Искандару Турку Муғул ва арабу рус ҳифз дошта, то ба даврони мо овардааст.
XS
SM
MD
LG