Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми «Дӯстӣ» дар Душанбе


Ин мусобиқа бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии намояндагии Созмони амрикоии CADA дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Бино ба иттилои Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми «Дӯстӣ» чаҳор даста - тими мунтахаби миллии Афғонистон, бошгоҳи «Амбассадор»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дастаҳои мунтахаби миллию ҷавонони Тоҷикистон талош мекунанд.

Мусобиқа аз се давр иборат аст ва ҳар як даста се бозӣ анҷом хоҳад дод. Дар аввалин даври мусобиқа, ки рӯзи душанбеи 7 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, нахуст дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва тими миллии Афғонистон зӯрозмоӣ мекунанд. Сипас дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тими «Амбассадор» рақобат хоҳад кард. Даври дуюми мусобиқа рӯзи чоршанбеи 9 ноябр бо дидори дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва тими «Амбассадор» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа оғоз мешавад. Бозии дигари даври дуюм дар варзишгоҳии марказии Душанбе байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон доир хоҳад шуд. Ва даври сеюми мусобиқа рӯзи ҷумъаи 11 ноябр дар варзишгоҳи марказӣ бо дидори тими «Амбассадор» ва дастаи мунтахаби Афғонистон оғоз меёбад. Пас аз ин бозӣ дастаҳои мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Шариф Назаров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати дастаи мунтахаби кишвар аз беҳтарин бозингарони бошгоҳҳои лигаи олӣ - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд иборат аст, ки онҳо дар айни ҳол барои ширкат дар бозиҳои ду даври охирини мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Бинобар ин, афзуд Шариф Назаров, аъзои тими миллӣ як рӯз қабл аз оғози мусобиқаи Ҷоми «Дӯстӣ» - 6 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷамъ меоянд.

Сармураббӣ ҳамчунин иброз дошт, ки ширкат дар ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон як давраи омодагиҳо ба бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2006 байни футболбозони синнашон то 19-сола маҳсуб мешавад. Бозиҳои гурӯҳи «Е» аз 23 то 27 ноябри соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, Узбакистон ва Покистон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG