Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахта, пахта, ҷон пахта


«Миллат» аз қавли Ворис Мадаминов, вазири кишоварзии Тоҷикистон навиштааст, ки нақшаи пахта имсол иҷро нахоҳад шуд. Кишоварзи рақами яки кишвар гуфтааст, ҳадди аксар умеде, ки доранд, ҷамъоварии 520.000 тонна пахта мебошад ва ин аз нақшаи солона 100.000 тонна камтар аст.

«Народная Газета» аз ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии президент Раҳмонов дар масъалаи пахта гузориш чоп кардааст. Президент дар ҷаласа вазъи ғунучини пахта дар аксари навоҳии пахтакорро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст. Ба навиштаи матлаб, таъмин накардани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо маводи лозима ва навоқис дар парвариши пахта аз илали аслии камҳосил омадани пахта дар имсол будааст.

Мувофиқи ҷадвали «Ҷумҳурият», то 19.10.2005 дар ҷумҳурӣ, 57,2 % нақшаи пахта иҷро шудааст.

«Ҷумҳурият», нашрияи ҳукумати Тоҷикистон дар матлаби дигаре дурнамои иқтисоди Бадахшонро ба риштаи таҳлил кашида ва онро нек дидааст. Иқтисоддон, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, муаллифи ин мақола ақидаеро дар мавриди иқтисоди экологӣ баррасӣ кардааст. Ӯ навиштааст, таҳкими тиҷорати миёни Тоҷикистон ва Чин бо истифода аз роҳҳои Бадахшон ва танзими нерӯи муҳоҷирони корӣ дар Русия иқдомоти аслии беҳбуд сохтани иқтисоди Бадахшон ва дар айни ҳол, нигаҳдошти муҳити зисти минтақа мебошад. Муаллиф бо ишора ба мушкили сӯзишворӣ таъкид ба истифодаи нерӯи офтоб кардааст.

«Вечерний Душанбе» аз қавли вазорати даромадҳо ва пардохтҳо навиштааст, дар нӯҳ моҳи соли ҳолӣ 104 % нақшаи андоз ҷамъоварӣ шудааст.

Ва «Азия - Плюс» аз афзоиши якунимбаробари қиммати газ аз ҷониби Узбакистон хабар додааст. Ҳамакнун, як ҳазор кубометри газро Тоҷикистон аз Узбакистон ба 55 $ хоҳад харид. Матлаб аз мувоҷеҳи бӯҳрони барқ ва сӯзишворӣ шудани кишвар бонги изтироб задааст.
XS
SM
MD
LG