Пайвандҳои дастрасӣ

Давлатманди Хол 55-сола шуд!


Шоми сешанбеи 25 октябр дар толори театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе консерти ҳисоботии устод Давлатманди Хол, пас аз сафарҳои ҳунарии ахирӣ ба Аврупову Амрико баргузор гардид. Вижагии консерт ин буд, ки гурӯҳи маъруфи «Фалаксарой»-и Давлатманди Хол ба таври зинда, бидуни сабт, дастгоҳҳои барқӣ ва ҳатто садоафзо ҳунарнамоӣ кард.

Устод Давлатманди Хол дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз сафарҳои ҳунарӣ ба Фаронсаву Бритониё ва Амрико тасмим гирифт, ки дар Тоҷикистон низ замоне фаро расидааст, ки мухлисон консерти зиндаи бидуни микрофон шунаванд ва аз ҳунари асили сарояндагӣ ва навозандагии гурӯҳи иҷодии ӯ истифода баранд:

«Ман дар толорҳои Порису Лондон консерти зинда додам ва хостам, ки ҳамингуна консертро дар пойтахти кишвари худам барпо намоям. Усулан барои ҳунарманде, ки имкони бо садои табиӣ фарогирии як толорро бо 2-3 ҳазор мухлис дорад, микрофон гирифтан ва ё сурудани фонограмма шарт нест. Муҳим ин аст, ки ман бо садои худ ба вуҷуди бинандаву шунавандаи худ ворид мешавам ва ҳам ӯро ба вуҷуди хеш мехонам! Танҳо дар ҳамин маврид, фалаки асл ба гӯши шунаванда мерасад. Ва агар, ман ин имконро надорам, пас ман ҳунарманд ҳам нестам!»

Барномаи консертӣ таҳти унвонии «Ҳафтдодарон» ба гуфти устод Давлатманди Хол ва коргардони намоишнома Маъруфшо Мазҳабшоев, рамзист:

«Ҳафт додарон номи ситора аст ва 7 иқлим ва 7 уқёнус ва 7 табақи замин ва 7 табақи осмон ва 7 банди нота. Дар Тоҷикистон низ 7 минтақа ҳаст ва 7 гӯиш, 7 шева ва 7 сабки суруди Фалак, ки мо тӯли ду моҳи тамрин хостем, ҳамаи онро дар маҷмӯъ пешкаши аҳли завқ намоем»

Дар консерти зинда, ки ба шаҳодати мусиқашиносон, баъд аз ним асри сари кор омадани микрофон дар Тоҷикистон барои нахустин бор пешкаши мардум гардид, ҳунармандон бо 7 сабк , 7 шева, 7 оҳанг ва 7 самти мусиқаи фалак, ки дар Кӯлобу Шӯроободу Балҷувон, Рашту Дарвозу Дарбанд ва Масчоҳу Зарафшону Хуҷанду Бадахшон роиҷ аст, ҳунарнамоӣ карданд.

Бо баргузории консерти мазбур устод Давлатманди Хол аз 55- умин солгарди зодрӯзи худ ҷашн гирифт.
XS
SM
MD
LG