Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту


Cозмони байналмилалии табодул ва таҳқиқот - IREX - мулоқоти интернетии сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоуглендро дар мавзӯъи "Сиёсати Амрико дар Тоҷикистон" бо хабарнигорон созмон дод. Дар ин нишасти интернетӣ беш аз 30 рӯзноманигор ва хабарнигор аз шаҳри Душанбе ва вилоёти кишвар ширкат карданд. Ба гуфтаи сафир Ричард Ҳоугланд, суолҳо бештар ба масъалаҳои сиёсӣ, амният, маориф ва беҳдошт дахл доштанд.
Ричард Ҳоугленд ба хабарнигорон гуфт, Амрико ҷиҳати ҳамкори бо Тоҷикистон дар ҳамаи ин бахшҳо барномаҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд: «Мо бо ҳукумат ҳамкории наздикамонро идома медиҳем ва мо ба ҳукумати Тоҷикистон намегӯем, ки онҳо бояд чӣ кор кунанд, балки ба онҳо дар роҳи ҳалли масъалаҳои гуногун танҳо пешниҳод медиҳем ва мефаҳмонем, ки ба кадом хотир пешниҳоди мо муфиду натиҷабахш аст.»

Дар масъалаи ҳамкории Амрикову Тоҷикистон дар бахши амнияти минтақа сафири Амрико гуфт, ҳукумати вай ҷиҳати таъмини аният, ба хусус дар марзҳои Тоҷикистон ва ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ҳудуди 13 миллион доллар ба мақомоти марзбонии Тоҷикистон кӯмак кардааст.

Аз нашрияи "Бомдод"-и шаҳри Қӯрғонтеппа суол дода шуд, ки ҳукумати Амрико ба унвони як кишвари демократӣ чӣ таъсире метавонад ба ҷараёни назорати интихоботҳо гузорад? Сафир посух дод, ки дар аксари кишварҳои олам интихобот мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ доир мегардад, аммо онҳо кӯшиш мекунанд, ки рафти интихобот бозгӯйи иродаи ҷомеъаи демократӣ бошад. Аммо дар робита ба вазъи демократия дар минтақа ҷаноби Ҳоугленд гуфт, бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна ба раванди рушди демократия фишор меоваранд. Аммо Ричард Ҳоугленд афзуд, ки ба ин ақида розӣ нест, ки гӯё вазъ дар ҳамаи кишварҳо якранг асту таъсири Амрико ба ин минтақа камтар гаштааст. Ричард Ҳоугленд мегӯяд, дар маҷмӯъ сиёсати Амрико дар Тоҷикистон аз дастгирии ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни ҳокимият ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба хотири мусоидат ба сулҳу пешрафт ва озодиву демократия дар Тоҷикистон иборат мебошад.
XS
SM
MD
LG