Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди президент аз сифати таълим


Раисиҷумҳур изҳор доштааст, бо назардошти имкониятҳои илмию технологие, ки солҳои ахир ба даст меоянд, аз ҳисоби ҷавонон омода намудани олимону донишмандони байналмилалӣ зарур аст. Аммо гуфта шудааст, теъдоди аъзами донишҷӯю хонандаи имрӯз саводи казоӣ надошта дар дарсҳо пурра ширкат намеварзанд.

Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, бо ҳадафи рушди маориф, ҳамасола маблағгузории ин соҳа ба ҳисоби миёна 70 - 80 дарсад афзуда, солҳои охир хонандагону донишҷӯён ба ҷамъоварии пахтаву дигар корҳои саҳроӣ ҷалб намешаванд. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар вилояти Суғд имсол беш аз 10 ҳазор муҳассили донишгоҳҳову омӯзишгоҳҳо ба ҷамъоварии пахта сафарбар шудаанд ва тибқи баьзе таҳқиқот, солона саҳми мактабиёну донишҷӯён дар ғунучини ҳосили пахтаи ҷумҳурӣ 40 дар садро ташкил медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов оид ба вазъи кунунии маориф гузориш дода, рафти иҷрои қонун дар бораи маориф, қарору барномаҳои рушди ин соҳа ва мушкилоти мавҷуда мавриди барассӣ қарор гирифтанд. Эмомалӣ Раҳмонов сабаби ин ҳама бенизомиҳоро дар бемасъулиятии ректорони донишгоҳу сарварони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигар масъулони мақомоти давлатӣ арзёбӣ кардааст.

Дар охири ҷаласа Эмомалӣ Раҳмонов ба масъулин оиди таҳқиқи вазъи кӯдакистону мактабҳои оливу миёнаи кишвар супориши қатъӣ додааст, ки баъди 1 моҳ ба ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳанд.
XS
SM
MD
LG