Пайвандҳои дастрасӣ

Дари зиндони хабарнигори тоҷик кай боз хоҳад шуд?


Дар пайи номаи эътирозии додситонии кулли Тоҷикистон иҷрои қарори ҳайати мушовараи Додгоҳи Олӣ ҷиҳати раҳоии Ҷумъа Толибов - рӯзноманигор ва мудири бахши ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ ба таъвиқ андохта шуд. Ба бовари бештари коршиносони тоҷик, ба чунин ранг гирифтани ин қазия, аз як сӯ, ихтилофи суннатӣ миёни додгоҳ ва додситонӣ таъсир гузошта бошад, аз сӯи дигар, яке аз тарафҳои баҳс худи додситон аст ва, аз ин рӯ, мақомоти тафтишот ҳадди аксари талошро барои исботи дурустии мавқеъи худ харҷ хоҳанд кард.

Шариф Раҷабов - муовини додситони кулли Тоҷикистон дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, додситонӣ дар доираи салоҳияти қонунии худ ҳақ дорад, ки иҷрои қарори додгоҳро бозрасӣ ва омӯзиш кунад. Оқои Раҷабов гуфт, мақомоти тафтишот бар дурустии таъйиноти раҳоии Ҷумъа Толибов аз тарафи ҳайати мушовараи Догоҳи Олӣ ва иваз кардани бандҳои иттиҳоми ворида ба ӯ тардид дорад: "Додситон агар бо қарори додгоҳ розӣ набошад, ҳуқуқ дорад, ки қарори додгоҳро боздошта, парвандаро барои бозомӯзӣ ва навиштани эътироз пас талаб кунад. Мо бо қарори додгоҳ розӣ нестем."

Муовини додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки парвандаи Толибов то кунун аз сӯи Додгоҳи Олӣ ба додситонӣ бозпас фиристода нашудааст. Зеро баъди номаи эътирозии додситонӣ додгоҳ муваззаф аст, парвандаро ҷиҳати баррасии такрорӣ ба ихтиёри додситонӣ бисупорад. Аз ин хотир, афзуд оқои Раҷабов, бидуни омӯзиши назар ва тағйироти воридкардаи Додгоҳи Олӣ ба парвандаи мазкур наметавонад қарори раҳоии Толибовро арзёбӣ кунад.

Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов - муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ҳайати мушовара дар марҳалаи таҷдиди назар парвандаи ҷиноии Ҷумъабой Толибовро мавриди муҳокима қарор дода ва ҳарсе додраси додгоҳи Олии Тоҷикистон ба натиҷае расиданд, ки ҳукми додгоҳи маҳаллӣ нисбат ба оқои Толибов ноадолатона будааст ва аз ин рӯ ҳайати мушовара қарори раҳоии ӯро аз маҳбас содир кард. Оқои Ватанов афзуд: "Додгоҳи Олӣ ҳаракатҳои Ҷумъабой Толибовро бинобар исбот нашуданаш бо моддаи 316, қисми 1 ва 147, қисми 2 бекор карда, парвандаро дар ин 2 қисм қатъ намуд ва ҳаракатҳои ӯро аз моддаи 237, яъне авбошӣ, ба моддаи 138, яъне таҳқир, гузаронида, нисбат ба вай ҷаозои 1 соли корҳои ислоҳиро татбиқ намуд. Ва ба ин сабаб, ки мӯҳлати дар маҳбас нишастаи вай бо мӯҳлати корҳои ислоҳиаш баробар буд, додгоҳ аз маҳбас озод кардани ӯро қарор кард."

Фаррухшо Ҷунайдов - ҳуқуқшиноси тоҷик дар умури васоити ахбори умум мӯътақид аст, ки дар мавриди қазияи пешомада бо Толибов додситонӣ наметавонад бархӯрди холисона дошта бошад. Зеро меафзояд ӯ, иҷрои қарори марҳалаи касатсионии Додгоҳи Олӣ, тибқи қонунҳои роиҷи кишвар, дар зарфи 24 соат ба ҳоли иҷро медарояд, вале таъхир ва тавқифи он гувоҳ аст, ки додгоҳ дар Тоҷикистон мустақил нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар маҳофили хабарӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон мутаваққиф шудани иҷрои қарори ҳайати мушовараи Додгоҳи Олӣ ҷиҳати раҳоии Ҷумъа Толибов дубора афкор ва андешаҳоеро бедор кардааст, ки нашри матолиби интиқодӣ роҷеъ ба фаъолияти махсусан идороти амниятӣ ва интизомии кишвар авоқиби нохуше дар пай дорад. Рӯзноманигорони тоҷик дар пайи баста шудани чопи чанд рӯзномаи мустақил ва озодандеш ва маҳкум шудани чанд рӯзноманигор дар ду соли ахир раҳоии оқои Толибов аз маҳбасро хеле хуш истиқбол карда ва онро як фоли нек ба самти озодии баён унвон карда буданд. Аммо Нуриддин Қаршибоев - раиси Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки қазияи Ҷумъабой Толибовро аз оғоз пайгирӣ кардааст, эътирози додситонии кулл нисбат ба ҳукми раҳоии хабанигорро бозӣ ва беэътиноии масъулини назорати иҷрои қонун бо сарнавишти як инсон арзёбӣ кард.

Ба ҳамин тартиб, тибқи қавонини кишвар дар пайи ирсоли номаи эътирозӣ додситонӣ ҳақ дорад тайи се моҳи баъдӣ парвандаро дубора биомӯзад. Бо анҷоми мӯҳлати омӯзиши семоҳа парванда боз ҳам барои муҳокима ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд, зеро новобаста аз ҳама таноқузоти қонунии кишвар додгоҳ аст, ки сухани ахирро мегӯяд. Аммо суоли соҳибназарон ин аст, ки то замоне фурсати муҳокимаи такрорӣ дар додгоҳ фаро мерасад, мӯҳлати ҳабси Ҷумъабой Толибов - рӯзноманигор ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ, ки барои ду сол равонаи зиндон шудааст, ба анҷом намерасад?
XS
SM
MD
LG