Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як мақоми интизомӣ бо ҳероин


Файзулло Гадоев, сардори раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабари боздошти муовини сардори раёсати ҷосусии кумитаи марзбонии Тоҷикистонро бо 5 кило ҳероин тасдиқ намуд. Аммо ӯ афзуд, ин мақоми интизомиро на кормандони раёсати мубориза бо маводи мухаддир балки гурӯҳи кормандони раёсати ҳамин вазорати умури дохила дар соҳаи нақлиёт боздошт кардааст. Ҷӯрахон Зоиров, сардори раёсати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат кормандони ҳамин раёсат бо иттилои пешакие, ки доштаанд, дар истгоҳи мошинҳои назди фурӯдгоҳи пойтахт муовини сардори раёсати ҷосусии Кумитаи Марзбониро боздошт кардаанд. «Ҳоло вай дар боздошт ба сар мебарад ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда тафтиши пешакӣ идома дорад».
Ҷӯрахон Зоиров гуфт, ҳангоми боздошт нафари боздоштшуда бо миқдори ҳероин мехост фирор кунад, аммо муваффақ нашуд. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, танҳо дар як ҳафтаи ахир кормандони ин вазорат аз афроди алоҳида ва гурӯҳҳои қочоқбар ҳудуди 80 кило ҳероин кашф ва мусодира кардаанд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG