Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи газ иҷро мешавад?


Вазорати энержии Тоҷикистон аз иҷро нашудани нақшаи истихроҷи газ дар ин кишвар нигарон шудааст. Сироҷиддин Аслов, муовини вазири энержӣ мегӯяд, тайи 15 соли ахир ягон кони нави газ ифтитоҳ нашудааст ва ин боиси анҷом наёфтани нақшаи истихроҷи газ дар Тоҷикистон гардидааст. Ба гуфтаи оқои Аслов, барои боз намудани як чоҳи истихроҷи газ дар маҷмӯъ беш аз 70 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Оқои Аслов инчунин гуфт, газ дар Тоҷикистон аз шашуним то ҳафтуним километр дар зери замин маҳфуз аст, ки барои иктишоф ва мавриди истифода қарор додани ин захираҳо олимону коршиносон аз Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Австралия ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи муовини вазири энержӣ, соли равон истихроҷи 35 миллион метри мукааб газ дар Тоҷикистон дар назар аст. Захираҳои гази Тоҷикистон ба 850 миллиард метри мукааб баробар мебошад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG