Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи нави ду корхонаи бузурги Тоҷикистон


«Востокредмет», бузургтарин корхонаи саноатии Суғд, воқеъ дар шаҳри Чкаловск, даҳкилометрии шаҳри Хуҷанд, як барномаи ҳамкорӣ бо корхонаи коркарди маъданҳои кӯҳии Анзобро тарҳрезӣ кардааст. Зафар Розиқов, сарвари кулли корхонаи «Востокредмет» мегӯяд, ин барномаи ҳамкорӣ коркарди ниҳоии маъдани сурма истеҳсоли корхонаи Анзобро дар шаҳри Чкалов дар назар гирифтааст.
Ҷаноби Розиқов афзуд: «Ин ҷо мушкили ягона омехта будани сурмаи Анзоб бо симоб аст. Агар дар корхонаи Анзоб ҷудо намудани симоб аз сурма ба мо даст диҳад, он гоҳ роҳандозии коркарди ниҳоии сурма дар Чкалов ҳаҷми тавлидотии «Востокредмет» - ро ба маротиб хоҳад афзуд.»
Ба гуфтаи масъулини корхонаи «Востокредмет» ва ё «Фулузоти нодири Шарқ» ба думболи қатъ шудани фаъолияти аслии корхона дар заминаи истеҳсоли уран самти фаъолияти он низ тағйир хӯрдааст. Музаффар Юнусов - муовини сарвари корхона мегӯяд: «Маҳсулоте, ки мо ҳозир мебарорем, 5 - 10 сол пеш истеҳсол карда намешуд. Аз ҷумла, хӯлаҳои ферромолибден, коркарди панҷоксиди ванадий, истеҳсол ва ташхиси фулузоти қиматбаҳои тиллову нуқра.»
Ҳамчунин, тайи даҳсолаи ахир дар заминаи «Востокредмет» як корхонаи заргарӣ ва ду корхонаи муштарак таъсис шуд. Яке - корхонаи муштараки Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида, бо номи «Тамеко» барои истеҳсоли гудохтаи фулузи ферромолибден, ки се сол пеш таъсис ёфта, имсол, ба гуфтаи масъулинаш, то 600 ҳазор тонн гудохтаи ферромолибден тавлид хоҳад кард.
Дуюм, корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия мавсум ба «Хуҷанд - Зил», ки дар солҳои аввали фаъолият солона беш аз 15 адад автобуси кӯчак бо номи «Зил» истеҳсол мекард ва ҳамакнун аз фаъолият бозмондааст. Дар ҳамин ҳол масъулини корхонаи «Востокредмет» роҳандозии барномаи ҳамкориашон бо корхонаи Анзобро як қадами ҷиддӣ дар роҳи эҳёи нирӯи тавлидотии корхонаи «Востокредмет» арзёбӣ мекунанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG