Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Сотиров: "Тоҷикистон эҳтиёткорона дар роҳи демократисозӣ қадам мезанад."


Ойинномаи созмони Милали Муттаҳид, ки 24 июни соли 1945 дар конфронси ниҳоии Миллатҳои Муттаҳид дар шаҳри Сан-Франсиско қабул шуд дар 24 октябри ҳамин сол ба марҳилаи иҷро даромад ва ҳар сол Созмони Милал ба истилоҳ зодрӯзи худро таҷлил мекунад.

Дар ин робита бо Владимир Сотиров раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфтугӯе доштам ва нахуст аз ӯ пурсидам, ки кадом банди ойинномаи Созмони Милал ба мардуми оддии Тоҷикистон ва ё умуман ин кишвар таъсири мустақим ва пураҳамияте доштааст?

"Муҳимтарин нуктаи ойинномаи Созмони Милал, ки дар аввали он дар банди якум омадааст, ин хоҳиши кишварҳои узви созмон барои эмин доштани наслҳои оянда аз ваҳшат ва фалокатҳои ҷанг аст. Ва ин ҳадафи аслии Созмони Милал иҷро шудааст. Таври маълум Созмони Милал барои ҷилавгирӣ аз низоъҳо ва ҳалли низоъҳо нақш иҷро мекунад, ҳамчунин дар барои таъмини сулҳ ва мусоидат ба барқарории сулҳ. Аз ин ҷиҳат Созмони Милал дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нақши зиёд дошт ва бо мусоидати фаъолонаи созмон низоъ ба зудӣ поён дода шуд. Ба маҳзи заковат ва хоҳиши ду тарафи муқобил соли 1997 созишномаи сулҳ ҳосил шуд, ки заминаи ба эътидол омадани амният ва таъмини сулҳ дар Тоҷикистон гардид."

Ҷаноби сафир аксарият чунин фикр мекунанд, ки Созмони Милал танҳо бо фаъолияти таъмини сулҳ ва расонидани кӯмакҳои башарӣ дар ҷаҳон машғул аст. Аммо таври маълум дигар аз вазифаҳои муҳими Созмони Милал мусоидат ба ҳимояти ҳуқуқи инсон ва бунёди ҷомеаи озоду демократӣ аст. Оё Тоҷикистон ба самти ҳамин гуна ҷомеаи озоду демократӣ ҳаракат дорад?

"Ба андешаи шахсии ман, муҳимтарин дастоварди Тоҷикистон сулҳ ва таҳкими сулҳ аст. Ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон мувафақона ба роҳи рушди иқтимоиву иқтисодӣ пеш меравад ва аз ҷумла дар роҳи рушди демократия. Ҳамчунин дар ростои волоияти қонун ва таҳкими кафолатҳои волоияти ҳуқуқи инсон.
Албатта Тоҷикистон дар ин самт таҷриба надорад, вале саъйи умумӣ ва хоҳиши умумӣ барои риояти аҳдномаву созишномаҳо байналмилалӣ, ки Тоҷикистон узви он аст, вуҷуд дорад. Аллакай Тоҷикистон шаш гузориши худро, ки бояд бо он кумитаву созмонҳое, ки ба ҳуқуқи инсон дар кишварҳои алоҳида назорат мебаранд, пешниҳод кардааст. Ду гузориши Тоҷикистон баррасӣ шудааст ва ин кишвар барои иҷрои тавсияҳои мушаххаас дар робита ба ҳуқуқи инсон тадобир меандешад."


Аммо идораи шумо дар ин самт чӣ чораҳое меандешад?

"Дафтари мусоидат ба таҳкими сулҳи Тоҷикистон ба ин ҷараён мусоидат мекунад. Мо бо порлумон бисёр ҳамкории зич дорем, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ. Ин фаъолияти мо бо ҳукумат ҳамоҳанг шудааст ва моҳи оянда қарор аст, як конфронси муштарак бо порлумон барои ошноии вакилони мардумӣ бо тааҳудоти байналмилалии Тоҷикистон дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи инсон сурат бигирад. Ҳамин гуна ман фикр мекунам, ки ҷараёни демократисозӣ идома дорад, агарчӣ мехоҳем ин ҳаракат тезтар бошад. Ва муҳимтарин чиз ба назари ман, истиқрори меъёрҳои демократия дар Тоҷикистон аст."

Ман аз посухи шумо чунин эҳсос кардам, ки Тоҷикистон ба роҳи демократисозӣ оҳиста ҳаракат мекунад.

"Мушкил аст, гуфтан ки оҳиста балки ман мегуфтам, ки эҳтиёткорона ҳаракат мекунад. Чаро ки пас аз ҷанг ба ин самт зоҳиран эҳтиёткорона бояд ҳаракат кард, чун таҷрибаи талхе ҳаст.
Ва агарчӣ бархеҳо мехоҳанд ин ба раванд суръат бахшида шавад ва ин албатта хуб мебуд. Вале муҳим аз ҳама он аст, ки ҷомеа ташшакул ёбад ва мардум омодаи шунидани афкори мухолиф ва гуногунандешӣ бошанд, то ки онҳо байни ҳам муколама бурда тавонанд ва ба ҳарфи ҳамдигар гӯш андозанд.
Ва тамоми арзишҳо истиқрор ёбанд, аз ҷумла арзишҳои озодии матбуот, волоияти қонун, таҳкими кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон. Ҳамаи ин ҳамроҳ бо ислоҳоти ҷомеа ва тағйири нигоҳи ҷомеа ба рушди худ идома дорад. Ва баҳои феълии мо чунин аст."


Ҷаноби сафир иддаое ҳаст, ки бо вуҷуди шаст соли такомул Созмони Милали Муттаҳид тавре худаш мегӯяд, натавонистааст, ба маркази ҳалли мушкилоти инсоният табдил ёбад.

"Мушкил аст чунин гуфтан ва аз тарафи дигар Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои бисёр дорад. Ҷаҳони имрӯзаро бидуни ин созмони байналмилмилалӣ наметавон тассавур кард, ки дар он албатта ба ҳам овардани назарҳои кишварҳои алоҳида бисёр мушкил аст.
Аммо тавре ман гуфтам, яке аз муҳимтарин дастовардаҳои Созмони Милал ин аст, ки ҷанги севвуми ҷаҳонӣ рух надод. Мо ҳоло шоҳиди коҳиши шумораи низоъҳо дар саросари ҷаҳон ҳастем. Агар дар авоили солҳои 90 дар ҷаҳон ҳудуди 50 низоъ мушоҳида мешуд, аммо ҳоло ин шумора ним баробар кам шудааст.
Дигар ин ки шиддати ин низоҳъо коҳиш меёбанд ва дар ин ҷода нақши муҳимро Созмони Милал иҷро мекунад. Аммо созмон ба чолишҳои нав рӯ ба рӯ мешавад аз ин рӯ ҳамоҳангсозии иродаи кишварҳои алоҳида лозим мешавад ва зарурати ислоҳоти ин созмон пеш меояд, агарчанде созмон ҳоло таҷдид ҳам мешавад. Аз ҷумла дар нишасти гузаштаи маҷмааи кулли Созмони Милал қарор доир ба таъсиси комиссияи барқарории сулҳ дар сатҳи ҳукуматҳо қабул шуд ва ҳамчунин таъсиси чунин бунёд.
Ҳамин гуна Созмони Милал нақши муҳими худ дар ҷаҳони имрӯзаро дарк мекунад ва ин бад он маънист, ки кишварҳои узви созмон ин нақшро эътироф мекунанд ва мехоҳанд, ки Созмони Милал барои ҳалли мушкилоте, ки инсоният дорад нақши фаъолтареро бозад."
XS
SM
MD
LG