Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макотиби ҳанӯз ҳам ноомода ба фасли сармо


Рӯ ба таътили иҷборӣ овардани муҳассилини макотиби миёнаи Бадахшон дар фасли зимистони имсол низ ногузир мебошад. Абдулҳусейн Хушназаров муовини раиси идораи маорифи вилоят бо изҳори ин матлаб ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷлосияи вакилони мардумии вилоят ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта барои хариди 6 ҳазор тонна ангиштсанг маблағ ҷудо кард, аммо дар давоми як сол дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, тақрибан 3 ҳазор тонна ангиштсанг захира шудааст.
Ба гуфтаи Абдулҳусейн Хушназаров барои дар як рӯз гарм кардани як синфхона ҳамагӣ як кило ангиштсанг масраф бояд шавад, ки ин миқдори ночиз аст. Дар ноҳияи Мурғоб, ки ҳарорат гоҳо то 40- 45 дараҷа сард мешавад, ҳатто 16 килограмм сӯзишворӣ нокофист, идома дод вай: "Дар замони шӯравӣ барои макотиби миёнаи Бадахшон 17 ҳазор тонна ангиштсанг захира ва барои ҳар як печка (бухорӣ) 16 килограмм дар як рӯз бояд масраф мешуд. Аммо миқдори ангиште, ки ҳоло ҷудо мекунанд, барои як бухорӣ як кило ҳам рост намеояд."
Дар ҳудуди вилояти Бадахшон се кони ангиштсанг мавҷуд аст, аммо барои истихроҷи онҳо сармояи зиёд лозим аст. Як ширкати вйетнамӣ дар авоили солҳои 90-ум дар истихроҷи кони ангишти Равноби ноҳияи Дарвоз машғул буд, вале дертар ба фаъолият дар ин ҷо хотима дод.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG