Пайвандҳои дастрасӣ

Дарсҳои донишҷӯён дар пахтазорҳо


Бо оғози маъракаи пахтачинӣ аз як моҳ қабл ба ин ҷониб беш аз даҳ ҳазор донишҷуёни мактабҳои олӣ ва омузишгоҳҳои вилояти Суғд кифҳои худро бо пешдоман ва мизҳои дарсхонии худро бо ҷӯякҳои пахта иваз кардаанд. Дар давоми ин муддат донишҷӯён дар бошишгоҳҳои саҳроӣ ба сар мебаранд. Мақомоти Суғд ба ҳамин тарз ҳамасола аз нирӯи дасти донишҷӯён ва мактабиён барои ҷамъоварии пахта истифода мекунад.

Рустам Усмонов - сардори шӯъбаи илм ва макотиби олии ҳукумати Суғд дар бораи ҷалби имсолаи донишҷӯёни вилоят ба пахтачинӣ мегӯяд: «Имсол мо ба ҷамьоварии пахта теъдоди нисбатан ками донишҷӯёнро сафарбар намудем. Теъдоди онҳо тахминан ёздаҳу ним ҳазор нафар аст. Аммо агар ба пахтачинӣ донишҷӯёни омӯзишгоҳи шаҳри Чкаловро низ ҷалб кунем, теъдоди умумии онҳо сездаҳ ҳазор нафар мешавад.»

Рустам Усмонов афзуд, имсол донишҷӯёни солҳои панҷуми макотиби олӣ аз сафарбарӣ ба пахтазор боздошта шудаанд. Вилояти Суғд дорои 10 мактаби олӣ аст ва имсол танҳо донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ ва бахши Донишгоҳи Нави Русия дар Хуҷанд аз пахтачинӣ барканор мондаанд.

Мақомоти ҳукумати Хуҷанд ва Донишгоҳҳои Суғд мегӯянд, ки сафарбарии умумии донишҷӯён барои ҷамъоварии пунба бо дархости худи донишҷӯён ва устодони онҳо, яъне - ба таври ихтиёрӣ сурат гирифтааст. Яъне донишҷӯён хостаанд, дар маъракаи ҷамъоварии пахта ҳиссагузор бошанд. Аммо аксари кулли донишҷӯён акси инро мегӯянд.

Назари ду нафар донишҷӯи Суғд, ки дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз муаррифии худ худдорӣ карданд:

«Агар ба пахтачинӣ наравем, аз рӯи риоя накардани низомномаи донишгоҳ хориҷ карда мешавем.»

«Аслан мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон кори маҷбурӣ манъ аст. Аммо раёсати донишгоҳҳо бо таҳдиди хориҷ кардан донишҷӯёнро метарсонад.»


Мусоҳибонам афзуданд, донишҷӯёни суғдие, ки ба сабаби беморӣ ва заъфи саломатӣ наметавонанд, дар маъракаи маҷбурии пахтачинӣ иштирок кунанд, бояд аз комиссияи махсуси тиббӣ гузашта, ба муассисаҳои худ санади тиббӣ пешниҳод намоянд. Дар акси ҳол хавфи хориҷ шудан аз донишгоҳ бо далели риоят накардани низомномаи он ба донишҷӯ таҳдид мекунад:

«Баъзе донишҷӯён барои нарафтан ба ҷамъоварии пахта ба баъзе аз устодон ва духтурон маблағ медиҳанд. Маблағи озодӣ аз пахтачинӣ ҳар хел, асосан аз 200 сомонӣ то 100 доллар.»
«Рости гап, ман худам ҳеҷ вақт санади тиббӣ нахаридаам. Аммо аз ҳамсабақонам шунидам, ки нархи он то 100 доллар аст.»
XS
SM
MD
LG