Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи 15 маркази ташхиси HIV/AIDS барои муҳоҷирон


Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки барои пешгирӣ аз сироят ва густариши HIV/AIDS ва ё СПИД дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои кишвар, 15 маркази боварӣ ва ташхис кушода шуд. Ин марказҳо бо кумаки молии Бунёди глобалӣ, ки беш аз 2 миллион долларро ташкил медиҳад, таъсис ёфтанд. Нусратулло Файзуллоев, вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, вазъи масъала дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад ва барномаҳои ҷиддиро талаб мекунад. Вай аз иштироки Бонки ҷаҳонӣ ва як барномаи имдодии Бритониё дар пешгирӣ аз сироят ситоиш кард. Абӯмуслим Темуров, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, бо назардошти он ки яке аз манбаҳои аслии сирояти HIV муҳоҷирони корӣ мебошанд, ин 15 марказ асосан афроде пешбинӣ шудааст, ки аз муҳоҷирати корӣ ба хона бармегарданд. Ба гуфтаи ҷаноби Темуров қабул ва ташхиси ин афрод ба таври махфӣ ба роҳ монда шуда, шахсияти эшон ба ҳеҷ ваҷҳ, ошкор карда нахоҳад шуд.
Мутобиқи омори расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, феълан 454 нафар гирифтори HIV/AIDS ба қайд гирифта шудааст, ки 5 дар сади онҳоро занон ташкил мекунанд. Аз ин миён дар 2 моҳи oхири соли равон, ду нафар, як мард ва як зани аз 25 то 27 солаи гирифтори HIV фавтидаанд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG