Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон поккории минаҳоро шурӯъ мекунад?


Ӯзбакистон тасмим гирифтааст қитъаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон дар вилояти Сурхондарёро минарӯбӣ кунад. Рашид Ҳабиев, ноиби фармондеҳи нируҳои марзбонии Ӯзбакистон пас аз нишасти Шӯрои марзбонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Ҳамсуд дар шаҳри Душанбе ин иттилоъро тайид кард ва гуфт, ҳукумати кишвараш қарореро дар мавриди марҳила ба марҳила поккорӣ намудани марз дар вилояти Сурхондарёи ин кишвар ба тасвиб расонида ва то ҳоли ҳозир ҳудуди 20 дарсади марз аз мина тоза шудааст. Ба гуфтаи оқои Ҳабиев, Ӯзбакистон харитаеро бо сабти мавзеъҳои кишти мина тартиб додааст, ки мувофиқи он қитъаҳои мушаххаси марз аллакай поккорӣ шудааст. Оқои Ҳабиев теъдоди нафарони ҳалокшуда бар асари инфиҷори мина дар марзро нагуфт, аммо таъкид намуд, дар ин таркишҳо худи шаҳрвандон гунаҳкоранд.
Рашид Ҳабиев:
Бо ин вуҷуди он ки мо дар байни аҳолӣ корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ гузаронидем ва дар қитъаҳои минакоришуда ишораҳои ҳушдордиҳанда васл кардаем, мутаассифона, сокинон шартҳои бехатариро вайрон мекарданд ва дар натиҷаи таркишҳои мина одамон ҳалок мешуданд. Аммо феълан инфиҷорҳо ба чашм намерасанд.
Дар ҳамин ҳол, Саидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи Марзбонии Тоҷикистон бо изҳори ноогоҳӣ аз ин иқдоми ҷониби Ӯзбакистон гуфт, масъалаи поккории марз аз минаҳо аз мавзӯъҳои ҳамешагии музокироти доираҳои расмии ду кишвар мебошад.
Саидамир Зуҳуров:
Ба масъалаи поккории марзи Ӯзбакистону Тоҷикистон аз мина на танҳо ҳукумати Тоҷикистон, балки намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Кумиссиони Аврупо ва Ҳилоли Аҳмар таваҷҷӯҳи хоса доранд. Соли гузашта зимни гуфтушунид бо мақомоти Ӯзбакистон, ҷониби Ӯзбакистон ба мо ваъда карда буд, ки бо қувваҳои худӣ дар поккории қитъаҳои марз бо Тоҷикистон саҳм мегузорад. Аммо, мутаасифона, ин масъала ҳалли ниҳоии худро пайдо накард ва ман аз тасмими ахири Ӯзбакистон дар мавриди поккории марз аз минаҳо огоҳ нестам.
Ҳамзамон дар Маркази минарӯбии Тоҷикистон низ хабари барчиниши минаҳо аз марз аз сӯйи мақомоти Ӯзбакистонро тасдиқ накарданд. Ҷонмуҳаммад Раҷабов, раиси ин марказ мегӯяд, агар Ӯзбакистон ба чиниши мина аз қитъаҳои марзӣ шурӯъ карда бошад, бояд коршиносон ва нозирон аз ҷониби Тоҷикистон низ даъват шаванд. Ба иттилоъи Маркази минарӯбии Тоҷикистон, соли равон бар асари инфиҷори минаҳо дар Тоҷикистон 17 нафар, аз ҷумла 10 кас дар марзи ду кишвар осеб дидаанд. Гуфта мешавад, имсол дар марзи Ӯзбакистону Тоҷикистон чаҳор нафар ба ҳалокат расида, шаш тани дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд. Ӯзбакистон шурӯъ аз соли 1999 дар марз бо Тоҷикистон минагузорӣ кардааст ва бар асари инфиҷорҳо 78 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, тақрибан ҳамин теъдоди дигар зарари ҷисмонӣ дидаанд.
XS
SM
MD
LG