Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми Тоҷикистон ба зидди зукоми мурғӣ


Нусратулло Файзуллоев, вазири тандурустии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти зукоми мурғӣ ба мардуми Тоҷикистон, воридоти тухм ва гӯшти мурғ аз Туркия, Русия, Қазоқистон ба Тоҷикистон манъ карда шудааст ва мутобиқи дастури ҳукумат кормандони гумрук, ниҳодҳои ҳифзи тартибот ва вазорати беҳдошти Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро меандешанд, то аз вуруди ғайриқонунии гӯшт ва тухми мурғ аз кишварҳои номбурда ҷилавгирӣ карда шавад.
Нусратулло Файзуллоев:
Ман кушоду равшан метавонам гӯям, ки воқеъан ҳоло дар Туркия, Русия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ бемории зукоми мурғ ба қайд гирифта шудааст ва мо низ як қатор тадбирҳоро андешидем ва дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва созмонҳои байналмилалии масоили беҳдоштӣ талош дорем, ки аз сирояти ин беморӣ ҷилавгирӣ карда шавад.
Ҷаноби Файзуллоев афзуд, дар ҳоли ҳозир аз ҷониби кормандони вазорати беҳдошт ташхис ва воксинкунии мурғу паррандаҳои дигар дар манзилҳои мардум ва марказҳои паррандапарварии хоҷагиҳои вилояти Хатлон, Суғд ва навоҳии тобеъи пойтахт шурӯъ шудааст.
Бино ба маълумоти вазорати беҳдошт, кормандони маркази вогиршиносии пойтахт дар мағоза ва нуқтаҳои фурӯши маводи хӯрока ба санҷиши гӯшт ва тухми мурғе, ки аз хориҷа ба кишвар ворид шудааст, машғул мебошанд.
XS
SM
MD
LG