Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон чопи китобро ба назм медароварад


Вазири Фарҳанги Тоҷикистон Раҷабмад Амиров дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе ба ду нуктаи муҳиме, ки барои пешбурди соҳаи табъу нашр ва китобдорӣ дар кишвар мусоидат мекунад, таъкид кард.
Оғои Амиров гуфт, ҷиҳати пешгирӣ аз чопу нашри худсаронаи баъзе интишороти хусусӣ, ки бидуни нишона ва мӯҳр китоб чоп мекунанд ва ҳеҷ масъулият дар баробари он нишон намедиҳанд, Тоҷикистон шомили созмони ҷаҳонии ISBM шудааст.

Раҷабмад Амиров: Ин созмонест, ки ба чопи китоб рақамгузорӣ мекунад. Маркази созмон дар Олмон аст. Минбаъд дар Тоҷикистон ҳеҷ китобе бе рақамгузории ташкилоти номбурда чоп нахоҳад шуд. Яъне чопи китоб дар кишвар ба назм дароварда мешавад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон мӯътақид аст, ки бо шомил шудани Тоҷикистон ба ин созмони байналмилалӣ пеши роҳи хараҷу мараҷ дар масъалаи чопу нашри китоб то ҳаде гирифта шудааст.
Ва аммо масъалаи дигаре, ки оғои Амиров ба он ишора кард, ин буд, ки дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари кишвар дӯконҳои хусусии китобфурӯшӣ ё марказҳои хусусии фурӯши китоб ба масъалаи ҳифзу эҳтироми китоб ва маданияти фурӯши он таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд. Ӯ афзуд, агар вазъ бо ин ҳол идома кунад, дар ояндаи наздик мардум барои дарёфти китоби зарурӣ намедонад ба куҷо муроҷиат кунад.
Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон дар роҳи рушди соҳаи китобдорӣ ду барномаи ҷадид -- Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ барои солҳои 2006 то 2115 ва Барномаи рушди Китобхонаи Миллии ба номи Фирдавсиро омода кардааст, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуда ва аз буҷаи соли 2006 барои маблағгузории ин барномаҳо пул тахсис дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG