Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Ӯш боздошт шудааст?


Идораи кофтукови ҷиноии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти манобеи худ эълом дошт, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - лидери Ҳизби Демократ ва раиси пешини ширкати «Тоҷикгаз» дар қаламрави вилояти Ӯши Қирғизистон боздошт шудааст. Ин ҳарфро сарҳанг Анвар Тағоймуродов- сардори идораи кофтукови ҷиноии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ рӯзи ҷумъа, 21 октябр дар шаҳри Душанбе иброз дошт. Ва аммо додситонии кулли Тоҷикистон қаблан эълом карда буд, ки Искандаров 22 апрели соли равон дар Душанбе боздошт шудааст. Дар ҳамин ҳол, телевизиони Тоҷикистон шоми 20 октябр аз ҷараёни тафтишоти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар боздоштгоҳи муваққати вазорати амният ва муҳокимаи додгоҳии ӯ як гузориш таҳия ва нашр кард, ки дар он раиси ҲДТ ба куллия суолот ва иттиҳомоти муфаттишон худро гунаҳкор меҳисобад. Дар гузориши мазкур суханронии вакили мудофиа ва худи Искандаров нишон дода нашудааст. Масъулини ҲДТ барномаи телевизиони тоҷикро як барномаи фармоишии гурӯҳҳои махсус арзёбӣ карда гуфтанд, ҳадаф аз ба намоиш гузоштани чунин наворҳо аз боздоштгоҳ бадном сохтани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аст. Мамлакат Ҷайчиева - узви садорати ҲДТ дар ин робита гуфт, садорати ҳизб дар зудтарин фурсат нисбати барномаи ба гуфтаи ӯ бӯҳтономези телевизиони тоҷик посух хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки Алексей Павлов –сардори идораи кофтукови ҷиноии вазорати умури дохилаи Русия аз ширкатдорони дигари машварати Душанбе ҳеҷ посухеро дар робита ба наҳваи боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва чигунагии истирдоди ӯ ба Тоҷикистон дар ихтиёри хабарнигорон нагузошт. Вай гуфт, ба манзури халал науфтодан дар раванди муҳокима дар бораи ҳодисаи мазкур чизе гуфта наметавонад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG