Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нӯҳ моҳ 69 тоҷикистонӣ аз Русия ба ватан мунтақил шудаанд


Сарҳанг Анвар Тағоймуродов- сардори идораи кофтукови ҷиноии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, тайи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави Русия 69 табаии тоҷик, ки таҳти таъқиби мақомот қарор дошт, боздошт ва ба кишвар интиқол дода шудаанд. Оқои Тағоймуродов, ки натоиҷи машварати роҳбарони идороти марбутаи вазорати дохилаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанберо дар ҷамъи хабарнигорон тавзеҳ мекард, гуфт, дар ҳамин муддат шаст нафар аз атбои хориҷии гумонбар ба ҷиноят дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт шуда ва ба идороти марбутаи кишварҳои Русия, Ӯзбакистон ва Туркманистон таҳвил дода шудаанд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG