Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - кишвари содиркунандаи маводи хом


Сухангӯи вазорати Иқтисод ва Савдои Тоҷикистон Ғафур Расулов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷумҳурӣ асосан аз Русияву Ӯзбакистон ва чанд кишвари ба истилоҳ, "хориҷаи дур" маҳсулоти нафтӣ, маводи озуқа ва таҷҳизоти дигар ворид мекунад.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, амволи содиротии Тоҷикистон асосан алюминий ва пахта мебошад. Пахта ва алюминий беш аз 80 дар сади содироти кишварро ташкил медиҳад.
Яъне Тоҷикистон чун дар гузашта боз ҳам кишвари содиркунандаи ашёи хом аст.
Ғафур Расулов: Дуруст, ки ҳоло Тоҷикистон кишвари содиркунандаи маводи хом аст. Вале ҳукумати Тоҷикистон тарҳи вижаеро, бо номи "Барномаи рушди содиротии мамлакат" таҳия кардааст. Ҳадафи ин барнома афзоиш додани навъҳои амволи содиротии кишвар мебошад. Интизор меравад, ки тавлидоти корхонаҳои муштарак барои танаввӯъи ашёи содироти Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Таносуби воридот ва содироти Тоҷикистон ҳамоно манфӣ аст, яъне дар ҷумҳурӣ ҳаҷми воридот аз содирот бештар аст. Сухангӯи вазорати Иқтисод ва Савдои Тоҷикистон мегӯяд, таносуби манфӣ нишони он аст, ки корхонаҳои кишвар наметавонанд моли ба рақобати бозор тобовар тавлид кунанд.
XS
SM
MD
LG