Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба Покистон дасти кӯмак дароз мекунад


Бисту панҷ тонна доруворӣ, сару либоси гарм ва дигар маводи лозима аз Тоҷикистон равонаи Покистон мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дасти кӯмаки худро барои офатзадаҳои заминларзаи Покистон дароз намояд. Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, ин кӯмакҳои башардӯстона бо ҳавопаймои ин кишвар ба Покистон мунтақил мегардад. Дар натиҷаи зилзилаи шадиди ду ҳафтаи пеш дар Покистон беш аз чил ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG