Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравии Тоҷикистон ба Фаронса?


Мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон пӯшидани ҳиҷоб ё либоси занонаи диниро, дар донишгоҳҳои олии ин кишвар манъ хоҳад кард. Фарҳод Раҳимов - муовини вазири маорифи Тоҷикистон, ҳангоми нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, Қонуни Асосии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ ташкили созмонҳои диниву сиёсӣ иҷоза дода намедиҳад ва пӯшидани ҳиҷоб, тарғиби ғояҳои динӣ маҳсуб меёбад:

«Азбаски пӯшидани либоси мазҳабӣ як намуди тарғиботи динӣ аст, мо онро дар муассисаҳои таълимиамон иҷозат намедиҳем. Ин қарор дар асоси қонун аст ва ҳеҷ амали ғайриқонунӣ ҳисоб намеёбад.»

Гуфта мешавад, дар баробари пӯшидани ҳиҷоб, бо либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ ҳозир шудан ба дарсҳо низ иҷозат дода намешавад.

Аммо донишҷӯёне, ки ҳиҷоб ба бар кардаанд, аз ин қарори вазорати маориф норозианд. Ҳабиба Искандарова муҳассили Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯзе, ки ҳиҷоб мепӯшад, ҳамеша бо омӯзгорон дар низоъ аст:

«Баъзеҳо мегӯянд, инҷо Эрон, ё Арабистон нест! Магар инҷо Америка аст, ки духтарҳо бо либосҳои нимбараҳнаву муйҳои бофтаашон гӯё ба дискотека меомада бошанд, ба дарс меоянд. Бадани онҳо нимбараҳна аст, аммо вақте ки мо мехоҳем сатр пӯшем, ба мо иҷозат намедиҳанд. Гӯё мо андешаҳои нодуруст дошта бошем, маҷбурамон мекунанд, ки дар мадраса таҳсил намоем. Мо мехоҳем, ки дар донишгоҳ таҳсил карда, ба Тоҷикистон хизмат намоем, мо ҳам савод дорем.»

Ҷавони дигар чунин назар дорад:

«Мо дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем ва дар ин ҷомеъа ҳар чизе, ки инсон мехоҳад, бояд ба бар кунад. Монеъ шудан ба пӯшидани либосӣ мазҳабӣ фишор овардан ба дини Ислом аст.»
XS
SM
MD
LG