Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Шӯрои марзбонони кишварҳои ҳамсуд


Фармондеҳони хадамоти марзбонии Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар ҷаласаи Шӯрои марзбонӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, зиёда аз 30 масъалаи марбут ба ҳифзи сарҳадҳои давлатиро баррасӣ карданд. Дар миёни онҳо таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дода шуд, ки зимни ин марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон аҳамияти куллӣ пайдо кард. Раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров дар бораи вазъ дар ин марз, махсусан баъд аз хуруҷи нирӯҳои марзбонии Русия аз он гузориши муфассал дод. Вай гуфт, дар ҳифзи марз нуқсе пеш наомадааст ва марзбонони тоҷик дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дигари қудратии Тоҷикистон 1148 килограмм маводи мухаддир, аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро мусодира кардаанд.
Бо вуҷуди ин сарони хадамоти марзбонии кишварҳои ҳамсуд хостори таҳкими марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон шуданд. Ҷаноби Зуҳуров гуфт, бо вуҷуди хурӯҷи марзбонони Русия аз ин сарҳад ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар шакли дигар идома дорад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG