Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ мухолифи Додситонии кулли Тоҷикистон


Эътирози Додситонии Тоҷикистон ба қарори Додгоҳи олии ин кишвар, ки ҳукми зиндони хабарнигор Ҷумъабой Толибовро бекор кард, хашми (CPJ) Кумитаи байналмилалии дифоъ аз хабарнигоронро барангехтааст. Энн Купер, мудири иҷроияи ин кумита гуфтааст, он ки Додситонии кулл озодона ҳукми Додгоҳи олиро сарфи назар мекунад, тааҳудоти байналмилалии Тоҷикистонро зери суол мебарад.
Ҷумъабой Толибов, хабарнигори тоҷик ва раҳбари собиқи идораи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ бо иттиҳоми авбошӣ, фаротар рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва нақзи дахлнопазирии манзил ба 2 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Пас аз шаш моҳи зиндон Додгоҳи олӣ ҳукми пешинаи Ҷумъабой Толибовро нодуруст ҳисобида хост, ӯро аз зиндон озод кунанд. Кумитаи байналмилалии дифоъ аз хабарнигорон, ки марказаш дар шаҳри Порис аст, дар гузашта ба ҳимояти Ҷумъабой Толибов садо баланд карда ва аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG