Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтиёт аз зукоми мурғ


Баррасии масъала дигар на танҳо дар байни олимони соҳа, балки дар байни сиёсатмадорон давом дорад. Ахиран, вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо маҳз барои баррасии ин масъала як ҷаласаи фаврӣ барпо намуданд. Ташвишҳо замоне шурӯъ шуданд, ки нишонаҳои зукоми мурғӣ дар Русия ошкор гардид ва баъдан паррандаҳои бемор дар Руминия мушоҳида шуданд. Олимон мегӯянд, ки ин парандаҳои муҳоҷире мебошанд, ки аз Русия омадаанд.
Зимнан, равуо дар байни Русияву Тоҷикистон низ зиёд аст ва аз ин сабаб, хатари омадани зукоми мурғӣ аз Русия ба Тоҷикистон низ аз эҳтимол дур намебошад.
Пас, чӣ бояд кард, ки мову шумо худро аз зукоми мурғӣ эмин нигоҳ дорем.
Ман дар ин сӯҳбате доштам бо Алберт Остерҳаус, профессори Пажӯҳишгоҳи вирусшиносӣ дар шаҳри Роттердами Нидерландия.

-- Чаро дар атрофи ин беморӣ ин ҳама сару садоҳо ба вуҷуд омадаанд? Дар ниҳояти амр, ин ҳам танҳо як навъи зуком аст?

-- Ин комилан дуруст нест. Албатта, ин танҳо зуком аст. Вале дар қарни гузашта се пандемияи бемории зуком сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта боиси марги даҳҳо миллион нафар гардид. Вале сару садоҳо дар мавриди эҳтимоли пандемияи зукоми мурғӣ дар Аврупо чандон дуруст нест. Якчанд ҳодисаи ҷудогонаи зукоми мурғӣ дар Аврупо ҳанӯз хатари пандемияи ин бемориро ба вуҷуд намеоварад. Хатари пандемия метавонад дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ зуҳур кунад. Вале дар он ҷо низ ин проблемаи нав нест. Ин беморӣ дар осиёи ҷанубу Шарқӣ дар тӯли чанд соли гузашта вуҷуд дошт. Бале, пайваст кардани чанд ҳодисаи зукоми мурғӣ бо хатари пандемия дар Аврупо, ин дуруст нест.

-- Оё зукоми мурғӣ бемории табобатшаванда аст?

-- Ҳоло мо инро дақиқ намедонем. Вале гумон меравад, ки доруҳое, ки ба зидди бемории зукоми оддӣ истифода мешаванд, ба зидди зукоми мурғӣ низ кор медиҳанд. Вале барои табобати зукоми мурғӣ танҳо хӯрдани дору кофӣ нест. Бемор бояд зери назорату нигоҳубини дурусти клиникӣ гирифта шавад. Ӯ ҳамчунин бояд доруҳои махсуси зидди вирусро, ки ба зидди зукоми мурғӣ муассир мебошанд, истеъмол кунад.

-- Оё фарқи вижа миёни зукоми оддӣ ва зукоми мурғӣ чӣ аст?

-- Зукоми оддӣ аз навъи вирусҳое ба вуҷуд меояд, ки дар байни одамон гардиш дорад. Ин вируси хоси бадани инсон аст. Вале бояд гуфт, ки вируси зукоми мурғӣ низ дар асл аз олами паррандаҳо омадааст. Зукоми мурғӣ ба воситаи вирусе пайдо мешавад, ки монеаи байни паранда ва инсонро гузашта вориди бадани одам мешавад. Ин беморӣ метавонад бо марг бианҷомад. То кунун дар Осиё ҳудуди 125 нафар ба зукоми мурғӣ гирифтор шуда, ва 65 нафари онҳо вафот кардаанд. Вале ин минтақаест, ки сеяки аҳолии ҷаҳон он ҷо муқим мебошад.

-- Оё зукоми мурғӣ ва зукоми маъмулӣ дар бадани шахси бемор нишонаҳои якхела доранд?

-- Усулан, бале онҳо нишонаҳои якхела доранд. Вале вақте одам ба зукоми мурғӣ гирифтор мешавад, дар аксари ҳолатҳо вай ба илтиҳоби шуш низ мубтало мешавад. Дар зукоми оддӣ шуш илтиҳоб намекунад. Зукоми оддӣ бемории сабуктар мебошад. Вале бояд гуфт, ки дар Аврупо шумори одамоне, ки аз зукоми оддӣ вафот мекунанд, аз теъдоди онҳое, ки аз садамаи автомобилӣ кушта мешаванд, бештар аст.

-- Оё духтур метавонад ба зудӣ зукоми мурғиро дар бадани бемор ташхис кунад?

-- Ҳоло чунин масъала вуҷуд надорад. Вале вақте дар Аврупо хатари пандемия ба вуҷуд ояд, мо васоиле дорем, ки зукоми мурғиро дар тӯли чанд соат ташхис кунад.

-- Оё шумо ба одамони оддӣ чӣ машварат медиҳед, ки худро аз зукоми мурғӣ эмин нигоҳ доранд?

-- Феълан, дар Аврупо хатари мустақими паҳншавии зукоми мурғӣ дар байни одамон вуҷуд надорад. Вақте ин беморӣ ба кишварҳои Аврупо омад, мақомоти сиҳҳат ба мардум ба машваратҳои даркориро медиҳанд. Феълан, одамони оддӣ набояд дар ин самт коре кунанд.

-- Хуб, агар хатар дар Аврупо нест, пас кадом кишварҳо дар муқобили зукоми мурғӣ бештар осебпазир ҳастанд?

-- Дар шароити кунунӣ ба назар мерасад, ки хатар дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бештар аст. Вале вақте пандемияи зукоми мурғӣ дар байни инсонҳо шурӯъ мешавад, он тамоми ҷаҳонро фаро мегирад.

Алберт Остерҳауз, профессори Пажӯҳишгоҳи вирусшиносӣ дар шаҳри Роттердами Нидерландия тавассути телефон ба саволҳои мо посух дод.
XS
SM
MD
LG