Пайвандҳои дастрасӣ

93 миллион сомонӣ -- харҷи барзиёд аз буҷа


Бино бар иттиллои расмии Вазорати молияи Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли равон, ҳаҷми маҳсулоти дохилии ин кишвар 5,1 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки баробар ба 1,6 миллиард доллари амрикоӣ мебошад. Ин рақам назар ба соли гузашта 5,1 дарсад зиёдтар мебошад. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, аз аввали сол то ҳоло ба буҷаи давлат беш аз 924 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 27 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.
Сафармуҳаммад Аюбзода, корманди вазорати молияи Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, хароҷоти буҷаи давлат, дар 9 моҳи соли равон 953 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 93 миллион сомонӣ бештар будааст. Аз ҷумла ба соҳаи маориф 182 миллион сомонӣ, тандурустӣ -- 59 миллион сомонӣ, ба соҳаи иҷтимоӣ 162 миллион сомонӣ, маишиву манзилӣ 55 миллион ва ба соҳаи фарҳанг 40 миллион сомонӣ сарф шудааст. Аммо дар мавриди қарзҳои беруна, чуноне ки вазири молияи Тоҷикистон, се моҳ пеш дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 918,4 миллион долларро ташкил мекунад, ба таври пешин, бетағйир боқӣ мондааст.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG