Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бораи китоб


- Баҳси китоб дар майдони баҳс
- Оё Ислом ва Ғарб дар ҳоли ҷанганд?
- Мусоҳиба бо мудири собиқи СРУ.
- Чаро китобхон кам шудааст?
- Нависандагон мегӯянд, узр доранд.
- Оини китобхонӣ аз Авасто то имрӯз.
- Ақидаи китобдори мактаби як ноҳияи дурдаст.

ДЕБОЧА

Як журналисти тоҷик қисса кард, ки дар сафари Амрико ба ӯ китобҳои зиёде тӯҳфа кардаанд, аммо пеш аз бозгашт ба ватан ҳамаи онҳоро партофтааст, то бораш сангин нашавад ва дар фурудгоҳ пули зиёдатӣ надиҳад.
Баъдан афсӯс хӯрдааст, ки метавонист, китобҳои зебову оростаро ба ҷои чанд кило сақич ва қанду қурс ба духтарчааш дастовез биёрад. Аз он сафар чанд сол гузашт, аз сақичу қанду шоколад чизе намонд, вале китоб метавонист, боқӣ монад.

АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ...

Эҳтиром ба китоб дар миёни мардуми мо бисёр қавӣ буд ва аз гузаштаҳои дур боқӣ мондааст.
Дар ҳоле ки Ислом низ ба ин эҳтиром нирӯи нав зам кард, давраҳои баъдӣ ин арҷро коҳиш доданд. Ва коҳиш идома дорад.
Ба хонандагони саҳифаи интернетии мо пешниҳод шуд ба саволи ин посух диҳанд, ки оё китоб мехонанд, чи китоберо ахиран хондаанд ва оё ин қавм ҳамоно китобхон боқӣ мондааст ё на. Номаҳои зиёде расид, ки бахше аз онҳо дар саҳифа нашр шуданд.
Дӯсти мо бо номи Ҷовидон менависад:
"Ман хеле шодам, ки тоҷикони мо дар ин мавзӯъ баҳсу мунозира мекунанд. Шахсан ман китоб хондан ва илм омӯхтанро дар зинаи баландтарин мегузорам ва агар рӯзе ки камаш 50-70 саҳифа китоб нахонам, худро хуб ҳис намекунам. "
Ва бинандаи саҳифаи интернетии мо бо номи Аслам навишт:
"Дар Тоҷикистон ба ҷуз китобҳои ҷаноби Раҳмонов дигар китобҳои босифат чоп намешаванд. Шумораи китобхонҳо дар кишвар ба назарам 1 фисадро ба зӯр ташкил медиҳад.
Зеро аксарияти мардум дар фикри чи гуна нон ёфта, рӯз гузаронидан овораанд."

Ҳамин нукта, яъне шикам ва китоб дар ин баҳс ҷойгоҳи махсус пайдо кард ва ду дӯсти мо, яке ҷаноби Маҳмудзода ва дигаре бо номи мустаори Муҳоҷир ба ҷони ҳамдигар афтоданд.
Ба ақидаи Маҳмудзода вақте мардум даромади кам дорад ва фикри нон дар ҷои аввал меистад, вай шавқе ба китоб нишон нахоҳад дод. Аммо Муҳоҷир ин андешаро дуруст намедонад ва мегӯяд, вай ҳам дар Тоҷикистон гурусна буд, вале мехонд. Вай мегӯяд, на гуруснагӣ ва на бепулӣ наметавонанд баҳонаи бесаводӣ шаванд.
Ва муҳоҷир, сабаби дигарро пеш меорад, вай мегӯяд, дар Маскав ягон донишҷӯ нахоҳад тавонист, ки ба ҷои дониш ба омӯзгор пул диҳад ва ҷонашро раҳо кунад. Агар дар Тоҷикистон ҳам муаллимон аз донишҷӯён пул нагирифта, илму савод талаб кунанд, мумкин аст, донишҷӯён ва ҷавонон ба хондани китоб майл пайдо намоянд, навиштааст Муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Маскав.
Вай илова мекунад, ки осори классикони адабиёт дар Тоҷикистон нархи баланд надоранд ва сониян дар интернет ҳазорон ҷилд китоби хонданиро мешавад, пайдо кард.

Аммо оё дӯстони мо кадом китобҳои ба тозагӣ хондаи худро номбар мекунанд?

Аксари онҳо аз осори бадеии Фарзона, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Баҳманёр, Шодон Ҳаниф, Ҷумъа Одина, илмию тадқиқотии Сафар Абдуллоҳ ва Раҳими Мусулмониён, қиссаи нависандаи ҷавон Хуршеди Атовулло ном бурдаанд.

Ислом ва Ғарб
(Баҳсҳо дар меҳмонии Ватслав Ҳавел)

Дар Прог, пойтахти Ҷумҳурии Чех, бо даъвати президенти собиқи ин кишвар Ватслав Ҳавел, анҷумани мутафаккирон бо номи Форуми 2000 баргузор шуд.
Ҳар сол ин анҷуман мавзӯъи хосеро мавриди баррасии чеҳраҳои маъруф қарор медиҳад.
Ин бор бо назардошти вазъи ҷаҳон ин масъала матраҳ буд, ки оё Олами ислом ва Ғарб дар ҳоли низоъ ва бархӯрд қарор доранд? Оё ҷаҳон баъд аз барканории Саддом Ҳусейн бештар ба сӯи мардумсолорӣ ҳаракат кард ва монанди инҳо.
Толори анҷуман пур аз афроди маъруфи олам буд, аз ҷумла Анвар Иброҳим, собиқ ноиби сарвазири Малойзӣ, Ҷеймс Вулси, собиқ мудири СIA ва ё Идораи марказии кашфи Амрико, Бронислав Геремек, собиқ вазири умури хориҷии Лаҳистон ва дигарон. Бронислав Геремек чанде пеш раиси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо буд ва аз ӯ пурсидам, оё ингуна нест, ки ин созмон ва Иттиҳоди Аврупо ба сурати умум дар муносибат ба кишварҳои шӯравии собиқ каме дурӯя аст, яъне бо Украина дигар муносибат мекунад ва бо Тоҷикистон масалан, дигар хел. Гуфт: "Мо бояд фаҳмем, ки ин ҷо фақат мушкили иродаи сиёсӣ набуда, балки ҳассосияти ҷомеъаҳои гуногун низ ҳаст. Ҷомеъаҳои аврупоӣ ба авзоъ дар Украин ё Беларус ҳассосияти бештар доранд, то ба вазъият дар Ӯзбакистон ё Тоҷикистон ва ҳамин чизро мо дар афкори ҷамъиятии Амрико низ мебинем ва масъала дар он аст, ки чӣ тавр дар бораи ин кишварҳо иттилоъ дода мешавад. Ахбор ва робита ба мушкиоти асосӣ ва гоҳе монеъаҳои асосии рушди мардумсолорӣ дар ҷаҳон мегардад. Ва дуюм, чи гуна аз таваққӯъ ва афкори иҷтимоӣ дар ин кишварҳои гоҳе булаҷаби Осиёи Марказӣ маълумот гирифт."

Геремек бар ин аст, ки масъала ба марзбандӣ рабт мегирад. Иттиҳоди Аврупо мехоҳад марзҳои дақиқ дошта бошад, дар ҳоле ки мехоҳад, мардумсолорӣ ва шукуфоӣ ба ҳамаи ҷаҳон паҳн шавад.
Аз он ҷо ки ба ҳар ширкаткунандаи форум ҳар хабарнигор танҳо як савол дода метавонист, ва чандин нафар ба думболи Ҷеймс Вулси, мудири собиқи Идораи Марказии кашфи Амрико буд, мо ҳам дар ин қатор саволи худро ба ӯ равона кардем.
Ба фикри шумо, оё низоъи Исроил ва Фаластин ба ҷомеъаҳи мусулмон дар сартосари ҷаҳон чи таъсир дорад?

Вулси: "Ман фикр мекунам, ин таъсир то андозае муҳим аст, вале воқеъият ин аст, ки он назар ба пуштибонии феълӣ дар бархе аз ин ҷомеъаҳо аз терроризм камтар аст. Агар пагоҳ сулҳи пурраи Исроилу Фаластин ба даст ояд ҳам, ваҳҳобиҳо дар Саъудия ҳамоно шадидан зидди шиъа, зидди суфӣ, зидди яҳудӣ, зидди демократӣ, зидди масеҳӣ, зидди зан, зидди мусиқӣ боқӣ хоҳанд монд ва Ал Қоида низ амал хоҳад кард."

Ҷаноби Вулси тундгароии исломиро ба навъе аз сталинистии содиқ ба як навъи давлат ва ҷиҳодиёну салафиҳову Ал Қоидаро ба тротскистҳое шабоҳат дод, ки мехоҳанд, инқилоби худро ба рӯи ҷаҳон паҳн кунанд.
Аз Анвар Иброҳим, собиқ ноиби сарвазир Малойзӣ пурсидам, оё бо ин ҳол ислом ва сиёсат, ё аниқтараш, ислом ва давлат бо ҳам буда метавонанд, яъне меъёрҳои шариат ва мардумсолорӣ бо ҳам дуруст меоянд.
Гуфт: "Ман фикр мекунам, мусулмонон бояд ин воқеъиятро қабул дошта бошанд, ки баъзе аз меъёрҳои қонуни ислом дар шароити ҳозира чи дар сатҳи давлатӣ ва чи байнулмилалӣ ғайриқобили қабуланд, агар хоҳем онҳоро дар дастури сиёсӣ ва ё давлатдорӣ ба кор барем."
Ҷаноби Анвар Иброҳим ҷомеаъи малайзиро намуна овард, ки бо вуҷуди пешрафтҳои иқтисодӣ натавонистааст, ба гуфтаи ӯ, ба мардумсолории воқеъӣ даст ёбад.


КИТОБ ВА ЗАМОНА

Аз номаҳои дӯстону ҳамнафасони мо шунидед, ки гуфтанд, дар Тоҷикистон танҳо як дарсад китобхон боқӣ мондааст.
Агар ин як дарсади аҳолист, шояд метавон фикр кард, аммо ҳамкорам дар Душанбе, Сафаргули Олимӣ мегӯяд, аз китобхонҳои пештара танҳо 20 дарсадшон ба аниси кунҷи танҳоӣ содиқ мондаанд. Ва ба назар гиред, ки дар солҳои ҳаштодуми садаи гузашта дар Тоҷикистон соле 4 миллион нусха китоб нашр шуда, тиражи баъзе китобҳо то 300 ҳазор нусха низ мерасид. Ҳоло калонтарин тиражро 1500 - 2000 нусха мегӯянд.
Ҳамкори мо ба думболи ин мавзӯъ рафтаву дари нависандаҳоро ҳам кӯфт ва аз раҳгузарон низ суол кард. Нависандагон аз безавқӣ ва бепулии хонандагон шикоят карданд ва хонандагон аз набуди китобҳои хонданбоб. Ин гузоришро як рӯз пеш ба устоди донишгоҳи Пенсилванияи ИМ, донишманди тоҷик Акбари Турсонзод фиристодам ва хоҳиш кардам, андешаҳои худро дар ҳошияи он бинависад. Вай гуфт, "ихтироъи китоб кори ориёиҳост, вале дар тӯли таърих мушкилоти зиёде пеш омад. Дуруст аст, ки болшевикони рус ҳамаро сарбасар босавод карданд, вале чи хондани мардумро зери назорати шадид гирифтанд. Ҳатто мероси адабии худи тоҷикон бо тамғаҳои динию мазҳабӣ ва феодалӣ ё дастрас намешуд ва ё дар шакли тархрибдида дастрас мешуд. Акнун замони озодӣ омад, вале тарсам ин аст, ки дар чорроҳаи таъсирҳои беруна ва тақлидпарастиҳо асолати фарҳангӣ зери зарба қарори гирад."

Умедворем, баъд аз ин ҳама то андозае аз оини ниёконӣ
ва вазъи имрӯзаи китобхону китобфурӯшу китобхару китобнавис огаҳӣ ёфта бошем.

ТАШНАГОНИ КИТОБ

Яке аз номаҳо дар майдони баҳси саҳифаи интернетиимо бо ин ҷумла тамом мешуд.
Эҳ, китоб бошад, ки хонӣ.
Ин нидои шахси китобдӯст аст.
Ҳамзамон беҳтарин китобдӯстон дар деҳот ба сар мебаранд ва дар мактабҳо мехонанд ва ташнаи китобанд.
Аз як мактаби як деҳаи дурдасти кӯҳистон, ҳамкорам Абдураҳими Умарзод гузориш дод, ки ҳамчун мушт намунаи хирвор, аз вазъи китобхонаи як мактаб ҳамчун баёнгари вазъият дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон аст, чи монад ба мактабҳои тоҷикии берун аз кишвар.
Ва дар поён як андарз.
Файласуфе гуфтааст, китоб вафодортарин дӯсти туст. Он ҳаргиз ба ту хиёнат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG