Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши занон дар тарҳрезии сиёсати Тоҷикистон


Дар порлумони Тоҷикистон 15 бону вакили мардумӣ аст, ки 11 нафари онҳо дар Маҷлиси Намояндагон ва 4 нафар дар Маҷлиси Миллӣ фаъолият мекунанд. Дар порлумони пешин ҳамагӣ 10 нафар хонум ба ҳайси вакили мардумӣ, фаъолият дошт.

Тоҷиниссо Маҳмадова узви кумитаи илм, маориф ва ҷавонон мегӯяд, албатта дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон, ҳузури занҳои тоҷик дар порлумони Тоҷикистон, бештар аст, вале дар баробари теъдоди умумии аъзои Маҷлиси Намояндагон, ки аз 63 нафар иборат аст, ҳузури 11 хонум, камрангтар ба чашм меояд:

"Дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя, масалан Қирғизистон теъдоди занони мо дар порлумон зиёд аст, аммо дар асл барои кишвари мо кам аст. Бояд боз ҳам бештар бошанд. Чунки занони сазовори зиёд дорем."

Хонум Маҳмадова мегӯяд, ӯ ва ҳамтоёнаш на танҳо дар баррасӣ ва қабули қонуну қарор ва барномаҳо марбут ба ҳаёти занону кӯдакон, ҳамчунин дар қабули барномаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле фаъол мебошанд:

"Занҳои вакил дар қабулу баррасии қонунҳо ва масъалаҳои ниҳоят муҳими сиёсӣ иқтисодии кишвар фаъолона иштирок мекунанд."

Коршиносони масоили сиёсӣ бар инанд, ки донишу малака ва маҳорати бонувоне, ки имрӯз дар порлумони Тоҷикистон фаъолият мекунанд, нисбат ба вакилони зан дар замони шӯравӣ, куллан фарқ мекунад.
Саидаҳмад Назаров - мушовири Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон оид ба андоз, буҷа ва молия дар робита ба ин мавзӯъ гуфт:

"Солҳои шӯравӣ занҳои механизатор, говдӯш ва колхозчиро ба вакилӣ пешбарӣ мекарданд. Ин албатта хуб аст, аммо фаъолият дар порлумон дигар чиз аст. Инҷо бояд қонунҳо қабул кунанд ва бечора говдӯш ва колхозчӣ чиро мефаҳмад? Ҳоло занҳое, ки қабул шудаанд, ҳама мактаби сиёсиро дар зинаҳои поёнӣ аз худ кардаанд ва кордон мебошанд."

Дар ҳамин ҳол, Мағфират Хидирова, узви кумитаи сохтори давлатӣ ва худидории маҳаллӣ мегӯяд, ҳангоми дидору мулоқотҳо бо интихобкунандагон, рӯшан мегардад, ки занону духтарони тоҷик нисбат ба 10 соли қабл аз назари сиёсӣ хеле рушд кардаанд ва интизор меравад дар оянда аз ҳисоби занҳои дигар теъдоди вакилони мардумӣ дар ҳайъати порлумонҳои оянда биафзоад.

Хонум Хидирова гуфт: "Ман фориғ аз кори порлумон дар донишгоҳ аз сиёсатшиносӣ дарс мегӯям ва мебинам, ки ҷаҳонбинӣ ва тафаккури занону духтарони тоҷик рушд кардааст ва онҳо дигар дар миёни касбу кор фарқ намегузоранд, ки масалан сиёсат кори занҳо ҳаст ё мардон."

Аммо иддае аз сокинони Душанбе гуфтанд, доир ба фаъолияти занони вакил дар порлумон огоҳӣ надоранд. Зумрат Нозимова, як сокини пойтахт гуфт, вай рӯзномаву маҷаллаҳои зиёд мехонад, вале ҳанӯз чеҳраи ҳеҷ як вакилзани тоҷикро дар онҳо вонахӯрдааст ва оид ба кору фаъолияти эшон маълумоти хеле кам дорад:

"Ман ягон зани депутатро надидам ки дар газету журнал баромад кунад. Шахсан ман ягон нафари онҳоро намешиносам."

Аммо мусоҳиби дигари мо, ки худро Хуршед Камолов муарифӣ кард, нисбат ба фаъолияти вакилони бонуи парлумон хушбин мебошад: "Ман медонам, ки дар Маҷлиси Намояндагон занҳо 11 нафаранд. Ин хубаст, ки занҳои мо чунин фаъоланд ва қонунҳои хуб мебароранд."
XS
SM
MD
LG