Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон


Маросими расмӣ ва мутантани таҳвил гирифтани ҳимояти марзҳои Тоҷикистон аз артиши марзбони Русия имрўз дар шаҳри Душанбе бо ҳузури мақомоти олии кишвар ва фармондеҳони аршади нирӯҳои марзбони Русия ва сафирони кишварҳо доир шуд.
Зери навои суруди миллии Тоҷикистон генерал Сайдамир Зуҳуров - фармондеҳи артиши марзбон ва раиси кумитаи ҳифзи марзҳои давлатӣ калиди рамзии марзҳои Тоҷикистонро аз Владимир Проничев фармондеҳи кулли нирӯҳои марзбони Русия таҳвил гирифт.
Нирӯҳои марзбони Русия, ки марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чинро аз соли 1993 то кунун ҳифозат мекарданд, тибқи созишномаи дуҷониба дар яку ним соли пеш ҳимояти марзро марҳила ба марҳила ба ихтиёри нирӯҳои тоҷик вогузор намуданд.
Ва охирин сарбозони Русия дар тобистони имсол марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро тарк гуфтанд, вале маросими расмии хатми ҳузури нирӯҳои русӣ акнун доир мешавад. Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳузур ёфт ва зимни тақдир аз хадамоти марзбонони русӣ дар амри ҳимояти марзҳо ва кӯмак ҷиҳати мусоидат дар заминаи таъсиси нирӯҳои марзбони тоҷик афзуд:
"Густариши муносибот бо Русия чун як шарики стратегӣ ва мутааҳиди мо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеъи махсус дорад ва марзбонон дар таҳкими ин муносибот саҳми арзанда гузоштаанд. Дар тамоми тӯли соҳибистиқлолии худ Тоҷикистон аз ин мавқеъ бар омадааст, ки барқарор доштани муносиботи танготанг бо Русия посухгӯи манофеи миллии мо буда, омили муҳими нигаҳдории амният ва суботи минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон мебошад."
Дар фарҷоми ин нишаст ба чандин генерал ва афсарони русӣ, ки ба ин маросим даъват шуда буданд, нишону медалҳои Тоҷикистон эъто шуд. Ҳамин тавр русҳо дар шоми чаҳоршанбеи 19 октябри соли 2005 расман ба 110 соли ҳузури худ дар марзҳои Тоҷикистони кунунӣ бо Афғонистону Чин поён донанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG