Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурхондарё


Ба иттилоъи дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Узбакистон, ходимони ин ниҳод дар вилояти Сурхондарё аз як мошини борбар беш аз 60 килограмм ҳероин мусодира намудаанд, ки аз Тоҷикистон вориди он қаламрав шуда ва озими Русия будааст.
Дафтари матбуоти вазорати умури дохила таъкид кард, ки дар ин авохир теъдоди интиқолдиҳандагони маводи мухаддир аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон рӯ ба афзудан дорад. Ин манбаъ афзуд, чанде қабл зимни як амалиёт дар шаҳри Тошканд як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд, ки мехост, се кило ҳероинро ба яке аз сокинони ин шаҳр бифурӯшад.
Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Узбакистон мегӯяд, ки дар муқобили ин афрод парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст. Манбаъҳои расмии Узбакистон мегӯянд, ки соли гузашта 160 шаҳрванди 11 кишвари хориҷӣ бо иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир боздошт шуда буданд, ки 54 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекарданд.
Мирасрори Фарғонӣ, Тошканд
XS
SM
MD
LG