Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти соҳаи маорифи Тоҷикистон


Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, пӯшидани ҳиҷоб ва либосҳои урёни аврупоӣ дар дарсҳо хилофи қонунҳои кишвар ва муғойир ба фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маориф дар ин маврид мегӯяд:

«Тарғиби идеологияи динӣ манъ аст. Азбаски сару либоси ҳиҷоб як намуди тарғиби динӣ аст, мо тасмим гирифтем, ки пӯшидани ин гуна сару либосро дар муассисаҳои таълимӣ манъ намоем. Ин аз қонун бармеояд ва амали ғайриқонунӣ нест.»

Дар нишасти матбуотии вазорати маориф, Абдуҷаббор Раҳмонов, раҳбари ин ниҳод аз таваҷҷӯҳи ками ҷавонон ба таълим ва аз сифати матолиби бархе аз китобҳои дарсии макотиби миёнаи кишвар интиқоди шадид кард. Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, сатҳи дониши донишомӯзони Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя ба маротиб паст аст. Ӯ аз олимону донишмандони кишвар гилагузорӣ намуд, ки китобҳои дарсӣ наменависанд.

Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, айни ҳол, Тоҷикистон ба ҳафтсад мактаби миёна ниёз дорад ва тақрибан ҳафт дар сади наврасон аз саросари кишвар аз таҳсил дур мондаанд. Дар ин баробар, мушкилоти дигаре аз ҷумлаи нарасидани омӯзгорон, китобҳои дарсӣ ва ҷалби донишомӯзон ба корҳои дигар аз омилҳои аслии коҳиш ёфтани сатҳи дониш будааст. Вазир дар мавриди пахтачинии донишҷӯён гуфт:

«Албатта, ба сифати таълим зарар мерасонад. Барои омода сохтани кадр халал мерасонад, вале илоҷи дигар нест. Ман боварӣ дорам, ки ин масъала дар мадди назари ҳукумат аст.»

Бино бар гуфтаи вазири маорифи Тоҷикистон, дар соли нави хониш дар кишвар 30 мактаби ҷадиди муҷаҳҳаз бо фанновариҳои муосир бунёд шудааст ва 2.500 компютер харидорӣ шудааст. Ҳамчунин, дар макотиби миёнаи кишвар омӯзиши се фанни нав: таърихи ислом, ифтихори ватандорӣ ва забони арабӣ ҷорӣ шудааст. Ва ҳамчунин, вазорати маориф аз донишгоҳи исломии Тоҷикистон тақозо кардааст, нақшаи таълимии хешро бо вазорат ҳамоҳанг намояд.
XS
SM
MD
LG