Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатари бузурги сирояти зукоми мурғӣ ба Тоҷикистон


Идораи давлатии байтории Тоҷикистон рӯзи сешанбе аз ҳукумат тақозо кард, то ки ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти бемории зукоми мурғӣ ба қаламрави кишвар ба кумитаи гумрук дастур диҳад, бидуни иҷозаи байторон ҳеҷ гуна гӯшти паррандаро ба Тоҷикистон ворид накунад. Муллоҷон Амирбеков дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи сешанбе вай бо чунин мазмун ба номи раиси ҷумҳури Тоҷикистон номаи расмӣ фиристодааст.
Вай гуфт, ин танҳо як бахши тадобири кишвар барои роҳ надодан ба сирояти бемории кушандаи зукоми мурғӣ ба Тоҷикистон аст.
Муллоҷон Амирбеков ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ дар Тоҷикистон то кунун хуруҷи бемории зукоми мурғӣ мушоҳида нашудааст. аммо хатари сирояти он ба қаламрави кишвар бисёр бузург аст, чаро ки ҳоло фасли тирамоҳ ва фасли кӯчбандии паррандаҳо аст ва эҳтимоли аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шудани паррандаҳои бемор вуҷуд дорад.
Вай идома дод, равобити зиёд бо кишварҳои собиқи шӯравӣ ва тиҷорат миёни онҳо як василаи дигари сирояти ин беморӣ ба Тоҷикистон низ ҳаст.
Дар посух ба ин суол, ки Тоҷикистон барои роҳ надодани бемории зукоми мурғӣ дар қаламраваш чӣ чораҳои мушаххас андешидааст, Муллоҷон Амирбеков гуфт, онҳо ба хоҷагиҳои давлатии паррандапарварӣ дастур додаанд, то назорати байториро қавитар кунанд. Ҳамчунин аз Қазоқистон хоста шудааст, то барои ташхиси мониторинги мурғҳо васоил ва таҷҳизоти зарурӣ кӯмак намояд. Идораи давлатии байторӣ ҳамчунин ба ҳукумати кишвар нома фиристодааст, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хуруҷи ин беморӣ дар Тоҷикистон кӯмак расонад.
Муллоҷон Амирбеков ҳамчунин ёдовар шуд, ки Тоҷикистон воридоти гӯшти мурғ аз Чину Русия ва Қазоқистон, ки дар ин кишварҳо бемории зукоми мурғӣ ба қайд гирифта шуд буд, қатъ кардааст.
Мусоҳибаи комил бо Муллоҷон Амирбеков
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG