Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол 8 нашрия сабти ном шудаанд


шаҳри Душанбе

Асноди ду ҳизби ҷадид дар Тоҷикистон барои сабти ном ва дарёфти ҳаққи расмии фаъолият дар Вазорати Додгустарӣ ё Адлияи Тоҷикистон дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Дар як нишасти матбуотӣ масъулини ин вазорати гуфтанд, ки ин ду ташаккули нави сиёсӣ -Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Ҳизби Аграрӣ ё Кишоварзии Тоҷикистон барои сабти ном ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд. Сумангул Тағоева- сардори раёсати сабти номи созмон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорат гуфт, баъди омӯзиш ва таҳқиқи асноди аҳзоби мазкур метавон дар бораи сабти номи онҳо сӯҳбат кард:
"Дар ҷумҳурӣ имсол се ҳизби сиёсӣ ташкил шуданд. Дар айни ҳол дутои онҳо барои сабти ном ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд".
Ба гуфтаи масъулини вазорат дар ин муддат аз сӯи ин ниҳод 8 нашрия, ду шабакаи телевизион ва радиои ғайридавлатӣ шаҳодатномаи фаъолият дарёфт кардаанд.
Аз суи дигар, Исроил Шоев-сардори раёсати ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии вазорат сабаби сабти ном накардани созмони байналмилалии Фридум Ҳаус (Хонаи Озодӣ) ва Пажӯҳишгоҳи миллӣ- демократии Амрико дар ин вазоратро тавзеҳ дода гуфт, бархе аз созмонҳои хориҷӣ бидуни риъояти моддаҳои ойинномаи худ мехоҳанд фаъолият пеш баранд. Азизмат Имомов- Муовини Вазири Адлияи Тоҷикистон хабари тавқифи фаъолияти ҳафтаномаи мустақили "Рӯзи на"-ро аз сӯи ин вазорат тазиб кард:
"Вобаста ба "Рузи Нав" мо на ягон санҷиш гузаронидаем на дархост фиристодаем, барои он ки ин масъала ба Вазорати Адлия павастагӣ надошт. Барои ҳамин мо гуфтем, ки ба ин масъала Прократураи Генералӣ машғул шуда истодааст, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғул шуда истодаанд ва бо натиҷаи санҷиш хулосаи ҳуқуқии худро медиҳанд вобаста ба ваколат".
Оқои Имомов дар робита ба сарнавишти норӯшани 38 зиндонии Қӯрғонтеппа-маркази вилояти Хатлон, ки пас аз як ошӯб дар авохири тобистон ба зиндони шумораи аввали пойтахт оварда шудаанд гуфт, ки ҳоло мақомоти тафтишот дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва то замони анҷоми расидагӣ сарнавишти онҳоро тафтишот муайян хоҳад кард. Дар нишасти матбуотии масъулини Вазорати Адлияи Тоҷикистон таъкид шуд, ки мавридҳои ҷудошавӣ ё талоқ миёни оилаҳои тоҷик рӯ ба афзойиш ниҳодааст. Аз оғози сол бештар аз ду ҳазор зану шавҳар талоқ гирифтаанд, ки сабаби аслии он камбизоатии аҳолӣ ва муҳоҷирати корӣ будааст.
XS
SM
MD
LG