Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон "ТадАЗ"-ро аз хориҷиён эмин медорад


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо баррасии даъвои додситони кулли ин кишвар аз як кӯшиши тасарруфи корхонаи алюминиуми Тоҷикистон аз сӯйи ширкатҳои хориҷии «Ансол Лимитед»-и Русия ва «Ҷералд Меттелз»-и Суис ҷилавгирӣ кардааст. Зулфия Юсуфова, додраси додгоҳи олии иқтисодӣ бо таъйиди ин хабар гуфт, додситони кулл Бобоҷон Бобохонов тақозо кардааст, ки созишномаи замонатӣ, ки байни корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ва ширкатҳои «Ансол Лимитед» ва «Ҷералд Меттелз» ба тасвиб расидааст, беэътибор дониста шавад. Мутобиқи ин санад, ширкати «Ансол» ба «Ҷералд Меттелз» бояд ба маблағи 20 миллион доллари амрикоӣ алюминиум медод, аммо дар сурати иҷро нашудани ин санад, корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ки нақши миёнаравро мебозид, бояд ....

Тафсилоти бештар дар бахши Иқтисод>
XS
SM
MD
LG