Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия асноди ду ҳизби навро меомӯзад


Асноди ду ҳизби ҷадид дар кишвар ҷиҳати сабти ном ва дарёфти ҳаққи расмии фаъолият дар вазорати додгустарӣ ё адлияи Тоҷикистон дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Дар нишасти матбуотии масъулини вазорати додгустарӣ ё адлияи Тоҷикистон зикр шуд, ки ин ду ташаккули нави сиёсӣ -Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ ё кишоварзони Тоҷикистон барои дарёфти санади қайди давлатӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд. Сумангул Тағоева- сардори раёсати вобаста ба сабти номи созмон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, баъди омӯзиш ва таҳқиқи асноди аҳзоби мазкур метавон дар бораи ба қайд гирифтани онҳо сӯҳбат кард. Ба гуфтаи масъулини вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ин муддат аз сӯи ин ниҳод 8 рӯзнома ва маҷалла ва ду шабакаи телевизион ва радиои ғайридавлатӣ шаҳодатномаи фаъолият дарёфт кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Исроил Шоев- сардори раёсати ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии вазорати адлия иллати сабти ном накардани созмони байналмилалии Freedom House ё Хонаи озодӣ ва Пажӯҳишгоҳи миллӣ - демократии Амрико аз сӯи ин ниҳодро тавзеҳ дода гуфт, бархе аз созмонҳои хориҷӣ бидуни риояи муқаррароти оинномавии худ мехоҳанд фаъолият пеш баранд. Дар нишасти матбуотии масъулини вазорати адлияи Тоҷикистон таъкид шуд, ки ҳодисаи ҷудошавӣ ё талоқ миёни оилаҳои тоҷик рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тайи ин муддат бештар аз ду ҳазор оила дар кишвар вайрон шудааст, ки иллати аслии он ба таъйиди масъулин камбизоатии аҳолӣ ва муҳоҷирати корӣ будааст.
XS
SM
MD
LG