Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гуфтугӯи телефониҳои хонагӣ боло меравад


Саид Зубайдов-Вазири Мухобироти Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки нархи гуфтугуҳои телефонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Оқои Зубайдов гуфт, ҳоло барои як дақиқа гуфтугў аз телефони хонагӣ шаҳрвандон як дирам пардохт мекунанд ва пешниҳод шудааст, ки ин нарх то 3 дирам барои ҳар дақиқа зиёд шавад. Оқои Зубайдов гуфт, барномаи мавҷи фарогири телевизиони миллии Тоҷикистонро низ дар ҳоли анҷомёбист ва то кунун 95 дарсади ҳудуди Тоҷикистон бо мавҷи телевизони саросарї фаро гирифта шудааст. Вай мегуяд, қарор аст, то поёни сол аҳолии ҳамаи минтақаҳои кишвар ин телвизионро тамошо кунанд. Аммо оқои Зубайдов гуфт, ки кишварҳои ҳамсоя ба рағми таъаҳҳуд аз хати қирмизе, ки барои нашри барномаҳои тарафайн тайин шуда буд, фаротар рафтаанд. Вазири Мухобироти Тоҷикистон таъкид кард, ки барои саросарӣ кардани мавҷи телевизони давлатии «Сафина» ҳудуди 2 миллион доллар зарур аст ва ин пешниҳодро ба ҳукумати кишвар ироа кардааст.
XS
SM
MD
LG