Пайвандҳои дастрасӣ

Рашид Олимов аз Ню Йорк ба Пекин меравад


Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон бо судури як фармон Рашид Олимов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳидро аз вазифа озод ва ӯро сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамзамон, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони Ҳамкории Шонҳой таъйин кардааст. Сафири собиқи Тоҷикистон дар Чин Баҳодур Абдуллоев бо сабаби ба дигар вазифа гузаштанаш аз ин мақом озод карда шудааст.
XS
SM
MD
LG