Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Додгоҳи Олӣ гузориш медиҳад...


Ҳизбулло Хоҷаев - раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон роҷеъ ба фаъолияти нӯҳмоҳаи додгоҳ, ки тибқи Қонуни асосӣ ҳамчун шохаи саввуми ҳокимият эътироф шудааст, гузориш дода мавҷудияти ришва ва фасод дар байни кормандони ин ниҳодро такзиб накард. Вай гуфт, дар соли равон ду додрас, яке раиси додгоҳи ноҳияи Конибодом ва дуввумӣ, додраси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ҷурми ришваситонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонида шудаанд. Оқои Хоҷаев гуфт, бештари афроде, ки дар соли равон ба курсии ҷиноӣ нишастаанд, бо иттиҳоми қочоқ ва ё ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шудаанд. Аз оқои Хоҷаев пурсидам, ки масъалаи баҳсии вогузории дастури боздошт ва ё санксия аз ихтиёри додситонӣ ба додгоҳ ҳалли худро пайдо кардааст ё хайр? Вай гуфт, «Додгоҳҳо аз ӯҳдаи парвандаҳои мураккаб баромада истодаанд ва аксаран ҳукми дуруст медиҳанд. Ман фикр мекунам, аз ӯҳдаи иҷоази ҳукми ҳабс додан низ мебароянд.»
Бо ин вуҷуд, афзуд Ҳизбулло Хоҷаев -раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир як пешнависи қонуни мурофиавӣ - ҷиноии кишвар таҳия шудааст, ки ба гумони ғолиб, сарнавишти дар ихтиёри кадом ниҳод: додситонӣ ё додгоҳ боқӣ мондани ҳаққи судури санксия дар он ҳал хоҳад шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG