Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро зукоми мурғӣ сабаби ин ҳама сару садо шудааст?


Мутахассисон ташвиш доранд, ки вируси зукоми мурғӣ тадриҷан шаклу тавони худро тағйир дода, метавонад, имкони интиқол аз инсон ба инсонро низ пайдо мекунад. То ҳол онҳое, ки ба зукоми мурғӣ мубтало шудаанд, шахсоне буданд, ки бо паррандаи бемор тамоси мустақим доштанд. Яъне барангезандаи беморӣ ба онҳо аз парранда сироят кардааст.
Оё ин навъи зуком чӣ печидагӣ дорад, ки мутаххасисон аз густариши он хавф доранд?
Радиои Озодӣ аз мутахассиси вирусҳо, професори Пажӯҳишгоҳи Вирусҳо дар шаҳри Ротердами Ҳоланд Алберт Остерҳаус дархост намуд, ки вазъиятро шарҳ диҳад.
Аввал, аз ӯ мепурсем, оё ин ҳама сару садоҳо дар мавриди ба сар то сари ҷаҳон паҳн шудани зукоми мурғӣ хатари воқеъӣ аст ё танҳо як назария?

Ба фикри ман, ин хатари воқеъӣ аст. Дар асри бист се хурӯҷи бузурги бемории зуком боиси марги даҳҳо миллион нафар гардида буд. Пас, чаро мо ҳоло бовар кунем, ки чунин ҳодиса дигар такрор намешавад? Ошкор шудани беморӣ дар вуҷуди инсон, ба фикри ман, ин шояд муқаддимаи пандемия, ё худ паҳншавии беморӣ дар ҷаҳон бошад. Вале мо ба ин нукта низ сад дар сад мутмаин буда наметавонем. Ба ҳар сурат, мо бояд вазъияти кунуниро чун як ҳушдори хеле ҷиддӣ қабул намоем.

Баъзе мутахасисон мегӯянд, ки барангезанда, ё вируси зукоми мурғӣ шаклу имконоти худро тағйир дода, худро ба шароити нав мутобиқ мекунад ва ба ин сабаб торафт хатарноктар мешавад. Оё ин иттилоъи дуруст аст?

Бале, ин дуруст аст. Вале ман мехоҳам таъкид кунам, ки ин ҷо ду масъалаи ҷудогона вуҷуд дорад. Омадани вирус ба Аврупо бештар ба олами ҳайвонот таъсир мекунад ва аз ин сабаб паёмадҳои бади иқтисодӣ хоҳад дошт. Албатта, ин ҷо низ масъалаи сиҳҳати инсонҳо вуҷуд дорад, зеро инсонҳо бо парандаҳои бемор сару кор доранд. Соли 2003 ум дар Ҳоланд 89 нафар бо бемории зукоми мурғӣ сабти ном шуданд ва як нафари онҳо вафот кард. Вале агар вирус дар воқеъ шалки худро дигар карда, тавони эпидемияи бузургро пайдо кунад, чунин ҳолат, ба назари ман, аз Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шурӯъ хоҳад шуд, на дар Аврупо. Зеро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ вазъият хеле печидатар аст ва онҳо имкони назорати бокифояти вазъиятро -- мисли Аврупо надоранд.

Хабаргузориҳо мегӯянд, ки табибон аз пайи озмоиши ваксинаи зидди зукоми мурғӣ ҳастанд.

Якчанд кишвари аврупоӣ, ба шумули Италия ваксинзанӣ, яъне эмкунии парандаҳоро шурӯъ кардаанд. Ба фикри ман, агарчи ваксингузорӣ муҳим аст, ин танҳо яке аз роҳҳои мубориза зидди мубориза зидди зукоми мурғӣ мебошад. Агар ин кишварҳо дар дарозмуддат низ ваксингузаронии парандаҳоро идома доданӣ бошанд, ин амалиёт бояд зери назорати дуруст пиёда шавад.

Оё барои инсонҳо низ ваксинаи зидди зукоми мурғӣ ихтироъ шудааст?

Ваксинаи инсонҳо як масъалаи дигар аст. Мушкили ваксина барои инсон дар он аст, ки аз замони ошкор шудани зукоми мурғӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар инсонҳо ду шакли вируси ин беморӣ мушоҳида шуд. Ин вирусҳо ҳамвора шакли худро тағйир медиҳанд. Аз ин сабаб, сохтани як ваксинае, ки ба зидди ҳамаи навъҳои вируси зукоми мурғӣ таъсирбахш бошад, мушкил аст. Албатта, барои ҷилавгирӣ аз эпидемияҳои бузург мо метавонем, ба зидди вирусҳое, ки то ҳол ба мо маълум аст, ваксина омода кунем. Ин то ҷое кӯмак мекунад. Вале барои сохтани ваксинаи воқеъӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемония, мо ҳанӯз маълумоти кофӣ дар даст надорем.

Дар ҳоле, ки илми тиб дар ҷаҳон зиёд рушд кардааст, чаро мутахассисон аз густариши зукоми мурғӣ ташвиш доранд? Дар ниҳояти амр, ин ҳам танҳо як навъ зуком аст.

Ба фикри ман, дар шароити феълӣ мо давоҳое дорем, ки ба зидди вирус таъсири ҷиддӣ доранд. Муҳим он аст, ки бемор бояд дар марҳилаи хеле ибтидоии маризӣ ба духтур муроҷиат кунад. Яъне вақте шумо нахустин нишонаҳои зукомро дар бадани худ эҳсос мекунед, бояд фавран аз пайи табобат шавед. Таҷрибаи мо бо ҳайвоноти бемор нишон доданд, ки табобати фаврӣ бо давои зидди вирус муддати бемориро кӯтоҳтар ва шиддати онро заифтар мекунад.

Хуб, вақте бемор бо эҳсос кардани нишонаҳои нахустини маризӣ ба духтур муроҷиат мекунад, табиб оё метавонад зуд муайян кунад, ки ин дар воқеъ зукоми мурғӣ аст, на зукоми оддӣ?

Ин як тарафи дигар масъала аст. Мо дар чанд ҳолат мушоҳида кардаем, ки ташхиси ин беморӣ як муддатро дар бар мегирад. Вале масалан, як нафар дар оила ба ин беморӣ гирифтор шавад, дигарон низ метавонанд, ба ҳайси чораи ҷилавгирикунанда давои зидди вирусро истеъмол кунанд. Албатта, барои ташхис кардани бемории зукоми мурғӣ як муддат вақт сарф мешавад. Вале ба ҳар сурат, вақте шумо аз вазъият огоҳ ҳастед, метавонед, ҳамон давои зидди вирусро ҳам барои ҷилавгирӣ ва ҳам барои табобат истифода баред.

Оё табобати зукоми мурғӣ мисли табобати зукоми оддӣ аст?

Усулан, ҳамон як навъи даворо мешавад ҳам барои табобати зукоми оддии фасли зимистон ва ҳам барои зукоми мурғӣ истифода кард. Албатта, дар шароити феълӣ мо дар ин соҳа таҷриба надорем. Вале таҷрибаҳое, ки бо ҳайвонот гузаронидем нишон медиҳанд, ки ҳамин давоҳо ба эҳтимоли қавӣ ба зидди зукоми мурғӣ муассир мебошанд.
XS
SM
MD
LG