Пайвандҳои дастрасӣ

Бисту ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалӣ


Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон 28 шаҳрванди ин кишварро, ки бо гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар ҳамкорӣ доштаанд, пайгарди байналмилалӣ эълом кардааст. Рустам Назаров, раиси оҷонсии мазкур дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳарчанд ҷустуҷӯи ҷинояткорон вазифаи оҷонсӣ нест, аммо қочоқбароне, ки ҷиноёти махсусан вазнин содир карда ва феълан дар берун аз кишвар ба сар мебаранд, бояд боздошт гарданд. Ба гуфтаи оқои Назаров, дар соли равон ҳафт нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар пайгарди байналхалқӣ буданд, аз сӯйи оҷонсии назорат бар маводи мухаддир боздошт шудаанд. Ба иттилои Фахриддин Ҷонмуҳаммадов, сардори ситоди оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, соли равон дар хориҷи кишвар 230 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, боздошт гардиданд. Ӯ мегӯяд, «Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт мешаванд, коҳиш ёфтааст. Дар соли ҷорӣ танҳо 230 шаҳрванди кишварамон, аз ҷумла 177 нафарашон дар Русия дастгир шудаанд. Ин дар ҳолест, ки масалан дар соли 2002-юм ин рақам ба 904 нафар ва дар соли 2004-ум ба 643 нафар мерасид. Ва аммо теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон боздошт мешаванд, рӯ ба афзоиш аст. Масалан агар дар соли гузашта мо 28 шаҳрванди Афғонистонро дастгир карда бошем, танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 31 шаҳрванди ин кишвар, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доштанд, боздошт гардиданд.»
Ҳамзамон, оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар соли равон қочоқи маводи мухаддир афзоиш ёфтааст ва беш аз як ҳазору 800 килограмм танҳо ҳероин кашфу мусодира шудааст. Дар робита ба ин, алайҳи 105 нафар, аз ҷумла 10 шаҳрванди хориҷӣ ба гумони қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Рустам Назаров, раиси оҷонсии назорат бар маводи мухаддири То.икистон мегӯяд, ҷиҳати муайян намудан ва маҳви шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, пиёда кардани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар роҳи кашфи гурӯҳҳои қочоқбар, дар назди ин оҷонсӣ се гурӯҳи зудамал таъсис дода мешавад. Ҳамзамон ба гуфтаи масъулини Оҷонсӣ, кушоиши дафтари намояндагии Хадамоти федеролии мубориза бо гардиши маводи мухаддири Русия дар Тоҷикистон, ки дар моҳи январи соли 2006 дар назар аст, метавонад фаъолияти Оҷонсии мазкурро таҳким бахшад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG