Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 80 нафар бо иттиҳоми узвият дар Ҳизби Таҳрир


Абдусамӣ Дадабоев, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, дар соли ҷорӣ ҳудуди 80 узви фаъоли созмони ифротгарои «Ҳизб-Ут-Таҳрир» аз сӯйи кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи вай, назар ба солҳои пешин теъдоди аъзои ин ташаккули мамнӯъ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Оқои Дадабоев афзуд, танҳо дар моҳи сентябри соли равон дар вилояти Суғд беш аз 30 пешоҳанги «Ҳизб-Ут-Tаҳрир» дастгир шудаанд: "Дар байни дастгиршудаҳо нафароне будаанд, ки қаблан ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Боздошти ҳафт нафар аз гумонбарон ҳангоме сурат гирифтааст, ки онҳо бо содироту воридоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон машғул будаанд."
Ба гуфтаи Абдусамӣ Дадабоев, айни ҳол аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ин масъала муайян карда мешавад, ки оё ин афрод ба Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон шомиланд ё на. Дар ҳамин ҳол, Умаралии Сафаралӣ, рӯзноманигори тоҷик ва коршиноси масоили ҷавонон мегӯяд, аксари афроде, ки ба гумони узвият дар созмонҳои экстремистӣ дастгир мешаванд, ҷавононанд.
Ба гуфтаи оқои Сафаралӣ, дар ҳоле ки аҳолии кишвар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шаванд, ҷавонон аз пуштибонӣ аз ин созмонҳо даст хоҳанд кашид: «Онҳо, ки бекор ҳастанд, дар натиҷаи тарғибу ташвиқоти ҷонибдорони «Ҳизбуттаҳрир» ва ба онҳо ки маблағ медиҳанд, бештар ба ин ҳизб мегараванд."
Абдусамӣ Дадабоев, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, сар аз соли 1999 дар Тоҷикистон беш аз 200 нафар бо ҷурми фаъолияти ифротгароёна ва узвият дар созмони мамнӯъи «Ҳизб-Ут-Таҳрир» боздошт шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG