Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмак барои бемористонҳои камбизоат


Ҳукумати Амрико рӯзи шанбе барои бемористонҳои камбизоати Тоҷикистон 23 тонна маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиву лавозимоти дигар кӯмак фиристод. Ҳавопаймои ҳомили ин мавод ва ҳамчунин табибони амрикоӣ дирӯз дар шаҳри Душанбе фуруд омад ва онҳоро мақомоти вазорати беҳдоштии Тоҷикистон ва сафорати Амрико дар Душанбе пешвоз гирифтаанд.
Нусратулло Файзуллоев, вазири тандурустии Тоҷикистон, зимни сипос аз департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои чунин як ёрии башардӯстона гуфт, онҳо тамоми тадобирро меандешанд, то доруву дармон ба мардуми ниёзманди тоҷик расонида шавад.
Риҷард Ҳоугленд сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ин доруву дармон аслан барои табобати бемориҳое, ки занону кӯдаконро ранҷ медиҳад, пешбинӣ шудааст ва дар роҳи коҳиш додани маргу мири занону кӯдакони тоҷик, хидмат хоҳад кард. Вай гуфт ҳамчунин қарор аст, тайи 1 ҳафта коршиносон ва мутахасисони амрикоӣ намояндагони ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистонро ҷиҳати истифода аз ин доруву дармон ва васоити беҳдоштӣ, омӯзиш хоҳанд дод.
Ин кӯмаки башардӯстонаи Амрико ба маблағи беш аз 7 миллион доллар фиристода шудааст, бо мусоидати барномаи кумаки "Нope" ба Тоҷикистон расидааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG