Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар бораи корхонаи арзизи Турсунзода


Матбуъоти Узбакистон дар ин авохир дар бораи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои Узун ва Сариосиё мақолаҳо ба нашр расондааст ва дар зимн бар ин нукта таъкид кардааст, ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаи алюминями Тоҷикистон дар ин минтақа дараҷаи олудагии ҳаво ё муҳити зист боло рафтааст ва он ба саломатии сокинони ин маҳал бетаъсир нахоҳад буд. Аз ҷумла, нашрияи "Қишлоқ Ҳаётӣ"-чопи Тошканд навиштааст, корхонаи алюминями Тоҷикистон ба сари сокинони ноҳияҳои Узун, Сариосиё ва Деҳнави вилояти Сурхондарё ранҷу кулфат овардааст.
Нашрия навиштааст, барои тозагии муҳити зист дар ин минтақа ҳукумати Узбакистон корҳои зиёде анҷом додааст, вале ҷониби Тоҷикистон дар ин замина иқдоми ҷиддӣ ба харҷ надодааст. Нашрия меафзояд, 17-уми ноябри соли 1994 барои ҷилавгирӣ аз таъсири манфии партовҳои корхонаи алюминями Тоҷикистон миёни ин ду кишвар санаде ба имзо расида буд. Муҳлати иҷрои ин санад солҳои 1996-2000-ум пешбинӣ шуда буд. Вале Тоҷикистон иҷрои баъзе аз моддаҳои онро ба таъвиқ андохт. Ин нашрия мақолаи коршиноси мустақил Маъруф Эшмирзоевро дар сафҳаи электронии Сентразия.ру интиқод кардааст. Оқои Эшмирзоев дар ин мақола сару садоҳоро дар бораи вазъи муҳити зисти ҷануби Узбакистон беасос хондааст. Оқои Эшмирзоев дар мақолаи дигаре дар нашрияи "Бизнес и Политика"-чопи Душанбе менависад, ки агар ҳомиёни ҳифзи муҳити зисти Узбакистон дар фикри саломатии аҳолӣ ҳастанд ва роҷеъ ба партовҳои корхонаи алюминями Тоҷикистон суҳбат мекунанд, чаро аз партовҳои корхонаи зуби оҳан ё металлургии Узбакистон дар Бекобод хамуширо ихтиёр кардаанд, дар сурате, ки ин корхона низ мисли корхонаи алюминями Турсунзода партов хориҷ мекунад ва он ҳам ба саломатии сокинони манотиқи шимолии Тоҷикистон зарар дорад. Эшмирзоев дар мақолаи худ навиштааст, компойни Узбакистон бар зидди корхонаи алюминями Тоҷикистон замоне шуруъ шуд, ки раиси пешини он Абдуқодир Эрматов аз мақомаш барканор ва Ғаффор Мирзоев-фармондеҳи собиқи Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон зиндонӣ шуд. Гузашта аз ин, ба ҷои Аваз Назаров-раиси ширкати "Ансол" таъмини ашёи хоми корхонаи алюминямро ширкати дигаре бар душ гирифт. Нашрияи "Бизнес и Политика" ба ин нукта ишора мекунад, ки дар гузашта ин афрод дар тороҷи алюминями тоҷик бо гуруҳҳои мафиёии Узбакистон ҳамдастӣ кардаанд ва ҳоло, ки дасти ин афрод аз алюминям дур шудааст, дар Узбакистон бо кушиши онҳо дубора масъалаи муҳити зист ва зарари партовҳои корхонаи алюминями Тоҷикистон тавассути матбуъот матраҳ мешавад. Мақомоти расмии Узбакистон низ аз мақолаҳои матбуъоти худ ҷонибдорӣ кардаанд ва ҳатто ба Тоҷикистон дар бораи зарари партовҳо нома фиристодаанд. Рустам Латифов-муовини аввали раиси Кумитаи Ҳифзи Муҳити Зисти Тоҷикистон бо ишора ба ин нома ба родюи Озодӣ чунин гуфт:

"Дар ҳамон мактубашон онҳо навиштаанд, ки ҳаҷми партовҳои завод ба ҳаво садҳо ҳазор тоннаро ташкил мекунад. Вале худи Тоҷикистон ҳамагӣ 120 ҳазор тонна ба ҳаво партов мепартояд. Нормаи партови муқарраркардае, ки дар ҳуҷҷутҳои завод мо ҳамчун мизони ҳадди ақал тасдиқ кардаем, мутобиқат мекунад, яъне дар зонаи санитарию муҳофизатии завод, ки ду километрро ташкил мекунад. Солҳое, ки онҳо гап мезананд, маълумотҳои солҳои 1985-1990 мебошанд. Он солҳо 40 ҳазор тонна меъёр таъин шуда буд, мувофиқи стандартҳо. Аммо ҳоло ин меъёр 23 ҳазор тонна аст. Мо мониторинг мебарем, мо маълумотҳо дорем".

Рустам Латифов меафзояд, ҷониби Узбакистон дар номаи худ дархост кардааст, ки Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди фаъолияти корхонаи алюминями Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд ва ҷониби Тоҷикистон ба чунин ҳамкорӣ омодааст:

"Дар нома гап дар бораи ҳамкорӣ меравад. Мо ҷавоб додем, ки мо тайёр. Он шартномае, ки мо доштем, муҳлаташ тамом шуд, акнун талаб мекунанд, ки агар мо ҳамкорӣ хоҳем, шартномаи нав бастан даркор".

Рустам Латифов-муовини раиси Кумитаи Ҳифзи Муҳити Зист аз ҷониби худ гуфт, ки Тоҷикистон омода аст, мисли солҳои Шуравӣ бо ҷониби Узбакистон ба вазъи муҳити зист дар ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ба таври муштарак расидагӣ анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG