Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобоҷон Бобохонов дар бораи ҳабси Муҳаммадрузӣ Искандаров


Бобоҷон Бобохонов-Додситони Кулли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар робита бо масъалаи интиқоли Маҳмадрузӣ Искандаров-раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе ба хабарнигорон гуфт :


"Агар дуздида шуда бошад ҳам дар қаламрави Русия дуздидаанд ва бигзор мақомоти додситонии ин кишвар ба ин масъла машғул шаванд".

Оқои Бобохонов дар посух ба номаи Зафар Азизов-додраси парвандаи Маҳмадрузӣ Искандаров, бар асоси шикояти оғои Искандров ва вакили мудофеи у барои тафтиши дубора ин гуна изҳорот дод. Дар номаи Зафар Азизов ба ду нукта аз парвандаи Маҳмадрузӣ Искандаров ишора рафтааст. Яке масъалаи тақалубӣ будан ё набудани шиносномаи оғои Искандаров ва дуввумӣ наҳваи интиқоли у аз Маскав ба Душанбе. Аммо дар суханони Додситони Кулли Тоҷикистон ба ин ду маврид ишора нашуд. Вале Раҳматулоҳ Валиев-муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегуяд, худи Маҳмадрузӣ Искандаров ба вакили мудофеаш накл кардааст, ки уро аз Маскав рабуда, сипас ба Душанбе интиқол додаанд. Оқои Валиев меафзояд, ҳоло додситонии ноҳияи Королеваи назди Маскав ба масъалаи рабудани оғои Искандаров расидагӣ мекунад ва дар онҷо аз парвандаи Маҳмадрузӣ Искандаров вакили мудофеъ Анна Ставитская ҳимоя мекунад.
Додситони Кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов мегуяд ҳар гоҳ, ки Додситонии Кулл дархости боздошти нафареро содир кард, бо ҳар роҳу васила нафари мавриди назар боздошт мешавад:

»Ҳамин, ки ҷинояткор дастгир шуд, ҳатман уро меоранд. Бо кадом роҳ меоранд, ин бастагӣ дорад ба кормандони умури зудамали қудратии кишвар ».

Оқои Искандаров 5 октяр аз ҷониби Додгоҳи Олй тибқи 6 моддаи қонуин ҷазоии Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Ин моддаҳо ба даст доштан дар терроризм, нигаҳдории ғайриқунунии силоҳ, ғорати амволи давлатӣ иртибот дорад. Аммо Аъзам Бадириддинов-вакили мудофеи Маҳмадрузӣ Искандаров ба хабарнигорон ин ҳукмро ғайриодилона ва ғайриқонунӣ арзёбӣ кард.

Мирзонабии Холиқзод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG