Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набуди чопхонаҳо дар Хатлон рӯзномаҳоро муфлис кардааст


Дар вилояти Хатлон аслан газетаҳои шахсӣ нестанд. Ва аммо вазъи газетаҳои ҳукумат низ нигаронкунанда аст. Коршиносон мегӯянд, рӯзномаҳое, ки ҳамакнун фаъоланд дар аксари маврид бо теъдоди то 500 дона нашр мешаванд, усулан ё муфлис шудаанд, ё тариқи обунаи иҷборӣ аробаи шикастаи худро мекашанд ва ё дар арафаи басташавӣ қарор доранд. Шодибек Муқимов, сардабири газетаи «Навиди Дӯстӣ»-и ноҳияи Қумсангир мегӯяд, мушкили асосии рӯзномаи зердасти ӯ адами хонанда ва нашриёт аст. Ҷаноби Муқимов мегӯяд, дар мавриди набуди чопхонаи замонавӣ дар вилоят газетаи «Навиди Дӯстӣ» дар нашриётҳои пойтахт чоп мешавад:

«Дар Душанбе бо сифати хуб, аксҳои диданӣ чоп мешавад. Ҳарчанд харидор нест, аммо газета зуд тақсим мешавад ба обуначиён»

Ва аммо набуди мақолаҳои проблемавӣ теъдоди хонандаҳоро костааст:
«То соли 1992 мақолаҳои интиқодӣ дар ҳама газетаҳои ноҳиявӣ чоп мешуд ва онҳоро мавриди баррасӣ қарор медоданд, муштарӣ ҳам интизор буд, ки кай газета мебарояд. Имрӯз ингуна нест. Мақолоти интиқодӣ нест ва харидор ҳам нест. Имрӯз пеш аз нашр дар шӯъбаҳои маънавиёти ҳукумат мақолаҳои мо хонда мешавад ва баъд мо тасмим мегирем, ки ин мавод чоп шавад ё нашавад»

Масъулини газетаҳо мегӯянд, дар сурати нашри мақолаҳои интиқодӣ газетаҳо таҳти фишор қарор мегиранд. Латофат Фозилова, хабарнигори газетаи вилоятии «Хатлон» меафзояд, баъди чопи мақолаҳои интиқодӣ руасои ҳукуматҳои ноҳия газетаро дар ҳоли инзиво қарор медиҳанд. Раисҳо аз обунаи баъдӣ ба ҷарида садд мегузоранд, дигар ҳафтаворро харидорӣ намекунанд:
«Вақте ки мақолаҳои танқидӣ чоп мешавад, ба раисони ин ё он ноҳия рости гап писанд намеоянд ва дар бархе маврид дигар ба газетаи мо обуна намешаванд»

Сабаби дигари муфлисии рӯзномаҳо маоши кӯчаки ходимон аст. Латофат Фозилова мегӯяд: « Маоши ман ба роҳкиро кифоя намекунад»

Темур Хоҷаев-муҳаррири «Ҳақиқати Колхозобод» бар назар аст, ки дар баробари маоши кам мушкили дигари газетаҳои ноҳиявӣ адами чопхона ва вобастагии онҳо аз нашриёти «Шарқи Озод»-и пойтахт будааст:
«Мушкили асосии мо ба чопхона бастагӣ дорад. Зеро асбобҳои чопӣ дар нашриёти маҳаллӣ кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Ин асбобҳо танҳо дар Санкт Петербурги Русияанд ва барои онҳоро рафта харидорӣ карда овардан ва васл намудан маблағи бузург лозим аст»

Теъдоди газетаи «Хақиқати Колхозобод» низ 500 дона аст. Ва аммо рӯзнома дар фурӯши озод нест ва маводи таблиғотӣ ё реклама, ки ягона сарчашмаи даромади матбуоти даврист, чоп намекунад. Ва аммо агар газетаҳо ба реклама сару кор гиранд ҳам пул намегиранд. Зеро ҳамакнун суратҳисоби газетаҳоро барҳам задаанд ва ҷаридаҳо бо ҳукуматҳои маҳаллӣ як суратҳисоб доранд. Яъне агар бигирем, ки ягон созмони хайрия барои рушди матбуоти даврӣ ба газетаи « Субҳи Ёвон» маблағ ҷудо кунад, ин пул ба суратҳисоби ҳукумат меравад, на ба газета. Миралӣ Одинаев, сардабири газетаи «Субҳи Ёвон» меафзояд, адами суратҳисоб ахири кор нест. Зеро бо барҳамзании суратҳисоб ҳукумат такягоҳи ахирини газетаҳои маҳаллӣ- кумитаи оид ба иттилоотро дар
вазорати фарҳанг барҳам зад:

«Сабаби асосии ба ҳамин ҳол гирифтор шудани газетаҳои ноҳиявӣ дар он аст, ки дар вазорати фарҳанг кумитаи оид ба иттилоотро аз байн бурданд ва гӯё ки рӯзномаҳоро ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ ирсол намуданд. Дар собиқ ин кумита ба рӯзномаҳо кӯмакпулии иловагӣ медод. Дар ин маврид маҷлиси намояндагони халқ дар ноҳияҳо ба газетаҳо пул ҷудо мекард. Имрӯз ин корро намекунанд ва мегӯянд, ки шумо дар ҳисоби буҷа ҳастед. Аммо буҷа танҳо маъоши коргаронро медиҳад, вале барои нашри газета пул нест»

Мушкили дигаре, ки газетаҳоро фарогир печидааст, ин набуди журналистони касбӣ дар маҳаллаҳост. Ашк Юсуфӣ - корманди рӯзномаи « Нури Сарбанд» мегӯяд, маоши кӯчак тақрибан тамоми журналистонро аз минтақа фирорӣ кардааст:«Мутахассисони соҳаи журналистика дар мавзеъ намондааст, аз сабаби он ки маоши журналистон ниҳоят кам аст. Барои мисол то соли нави 2005 маоши мо 13 сомонӣ буд ҳоло 14 сомонӣ шудааст, бо ин маош кӣ дар газета кор мекунад? Ҳеч кас!»

Теъдоди «Нури Сарбанд» низ аз 400 дона беш нест. Ва ин газета низ дар нашриёти «Шарқи Озод» чоп мешавад. Ва аммо вазъи газетаи «Баҳористон»-и ноҳияи Ҷомӣ боз ҳам нигаронкунанда аст. Иқбола Маҳмадшоева, корманди ин ҷарида мегӯяд, газета муфлис шудааст ва ҳамакнун танҳо дар сурати дарёфти маблағ рӯи чопро мебинад: «Газетаи мо ба ҷои фоида зарар меорад, зеро онро мо маҷбурем дар Душанбе чоп кунем»

Дар ин байн, вазъи газетаи «Субҳи Ёвон» беҳтар аст. Ва аммо сабаби аз бодҳои бӯҳронӣ карона мондани газета дар шахсияти сардабири ӯст. Миралӣ Одинаев дар баробари муҳаррири газета будан, ҳамзамон садри чопхонаи ноҳия ва масъули шӯъбаи иттилооти ноҳия аст: « Ман ҳисобу китоб кардам, ки газета аз ҳисоби типография нашр мешавад. Вале агар мо газетаи босифат нашр кардани шавем, онро ҳатман дар Душанбе чоп мекунем»

Миралӣ Одинаев меафзояд, танҳо дар сурати афзоиши теъдоди нусха газетаҳо метавонанд аз вазъи бӯҳронӣ раҳо ёбанд. Газетаи «Дӯстлик» ки бо забони ӯзбакӣ нашр мешавад, низ дар сафи газетаҳои муфлис мустаҳкам қарор гирифтааст. Перомуни вазъи ба миён омада Парда Ӯроз-котиби масъули «Дӯстлик» мегӯяд: « Айб аст, шарм аст, ки газетаи вилоятӣ(!) бо теъдоди 220 дона чоп шавад! Маоши мо ночиз аст, мана сарходим, шоираи шинохтаи ӯзбакзабон-Ойсара Умарова 18 сомонӣ, ман-коиби масъул 24 сомонӣ, муовини сардабир-Бӯрибой Парпоқов 28 сомонӣ ва худи муҳаррирамон Солеҳҷон Комилов, ки воқеан худ журналист нестанд, корманди тиббанд, ки ба мо сардабираш гузоштаанд, 32 сомонӣ маош мегирад.»

Аз муҳаррирон мепурсам, ки ба ҳайси як хонанда оё ҳамин газетаҳои худро харидорӣ мекарданд? Онҳо мегӯянд, ки «На, бо ин маводе, ки дар газета дарҷ мешавад, бо ин сифати пасте ки онҳо нашр мегардад, онҳо ҳамин рӯзномаҳоро ба ҳеч ваҷҳ харидорӣ намекарданд»

Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи худи муҳаррирон дар вилоят ягон газета бо компутар, Интернет ва почтаи барқӣ, ҷузъитарин талабот барои журналистикаи муосир таъмин нест. Роҷеъ ба даврони ба истилоҳ дастболоии газетаҳои маҳаллӣ гуфтан кофист, ки танҳо як газетаи «Субҳи Ёвон» ки ҳамакнун бо теъдоди кӯчак моҳе 4 бор нашр мешавад, дар замони Шӯравӣ ҳафтае 5 маротиба бо теъдоди 30.000 дона ва дар як моҳ 600.000 адад чоп мешуд.
XS
SM
MD
LG